Мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Агибай Смагуловро ба ҳузур пазируфт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод,  дар мулоқот масъалаи густариши муносиботи байни парлумонҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ба гуфтаи Султонов, Шукурҷон Зуҳуров […]

Asia-Plus


Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Агибай Смагуловро ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯйи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод,  дар мулоқот масъалаи густариши муносиботи байни парлумонҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба гуфтаи Султонов, Шукурҷон Зуҳуров сараввал дипломати қазоқро ба муносибати таъин шуданаш ба ҳайси сафири кишвараш дар Тоҷикистон табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки вай дар таърихи муносиботи Душанбе ва Остона саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

Дар мулоқот Шукурҷон Зуҳуров эълом дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нахустин ҷаласаи худ дар қатори дигар масъалаҳои ҳаётан муҳим, Созишнома байни ҳукуматҳои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қазоқистон оид ба расонидани мадади ҳарбии ройгонро тасдиқ намуд.

Мавсуф ҳамчунин зикр намуд, ки миёни Тоҷикистону Қазоқистон 70 санади меъёрию ҳуқуқӣ ба имзо расида, якчанд комиссияи байнидавлатӣ фаъолият дорад. Сандуқи сармоягузории ҳарду кишварҳо низ таъсис ёфта, барои омода сохтани фазои иқтисодии кишварҳо корҳои мушахасеро ба сомон расонидаанд.

Агибай Смагулов изҳор дошт, ки Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ яке аз кишварҳоест, ки, бо Қазоқистон муносибати хуби дӯстӣиву ҳамкорӣ дорад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 47 корхонаи муштараки Тоҷикистону Қазоқистон фаъолият доранд.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.