Баррасии масоили муҳим миёни ҳайатҳои парлумони Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров муовини Раиси Жогорку Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов ва роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони ин кишвар бо Маҷлиси намояндагон Назаралӣ Ариповро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки дар Тоҷикистон ба […]


Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров муовини Раиси Жогорку Кенешаи Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов ва роҳбари гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории парлумони ин кишвар бо Маҷлиси намояндагон Назаралӣ Ариповро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, зимни мулоқот Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки дар Тоҷикистон ба нақши парлумони Қирғизистон дар демократикунонии ҷомеа баҳои баланд медиҳанд.

Ш.Зуҳуров аз ҳамтоҳои қиргизи худ даъват ба амал овард, ки дар амалисозии беш аз 50 санади байниҳукуматӣ ва байнидавлатии ҳамкориҳои дуҷониба бештар саҳм гузоранд.

Роҳбари ҳайати Қирғизистон Назаралӣ Арипов ба раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон пешниҳод кард, ки ба бештар тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти қонунигардони тиҷорати наздимарзӣ миёни кишварҳо мусоидат намояд.

«Н.Арипов бар ин назар аст, ки миёни Қирғизистгону Тоҷикистон мушкилоти ҷиддие вуҷуд надорад, – гуфт манбаъ. – Ӯ афзуд, ки амалисозии лоиҳаҳо оид ба тиҷорати наздимарзӣ миёни кишварҳо ба таври назаррас масоили интиқоли молу маҳсулот, хизматгузориҳо ва равуои мардумро осонтар мекунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.