Мулоқоти Ҳ.Зарифӣ бо муовини котиби давлатии ИМА ва Оғохони IV

Date:


Дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии 67-умин иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ мулоқоти роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири корҳои хориҷии кишвар Ҳамрохон Зарифӣ бо Ёвари Котиби давлатии ИМА Роберт Блейк, Роҳбари Маркази минтақавии дипломатияи боздорандаи СММ дар Осиёи Марказӣ Мирослав Енча, Мудири бахши Бонки Ҷаҳонӣ Кайл Петерс ва Намояндаи вежаи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ Патрисия Флор доир гашт.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо дар минтақа дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла нақлиёт, тиҷорат, обу энергетика ва пружаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

 Ҷонибҳо дар ҳошияи мулоқот инчунин дар мавриди дурнамои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии минтақа, сармоягузории пружаҳои инфрасохторӣ мубодилаи афкор анҷом доданд.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бо Муовини Котиби давлатии Иёлоти Муттуҳидаи Америка оид ба масъалаҳои сиёсӣ Венди Шерман доир шуд. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он мавриди муҳокима қарор дода шуданд. Зимни суҳбат мубоҳисон дар мавриди дурнамои вазъият дар минтақа баъд аз соли 2014 мубодилаи афкор намуда, масъалаҳои рушди инфрасохтор ва вусъат додани ҳамкориҳои минтақавиро баррасӣ карданд. Имконияту роҳҳои ҷалби Афғонистон дар татбиқи барномаю лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, нақлиёт, тиҷорат ва дигар низ дар ҷараёни мулоқот матраҳ гардиданд.

Зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо бо Шоҳзода Карим Оғохони IV масоили марбут ба татбиқ ва дурнамои барномаю лоиҳаҳои Шабакаи Рушди Оғохон дар Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор дода шуд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related