Дар таҳқиқоти тозаи Хазинаи байнулмилалии асъор гуфта мешавад, к
ишварҳое, ки мушкилоти қарзи зиёди давлатиро бартараф карданианд, бояд сиёсати дастгирии рушди иқтисод бо тағйироти дарозмуҳлат дар соҳаи хароҷоти давлатӣ ва андозбандиро ба ҳам тавъам донанд.
Дар таҳқиқоти нав зикр мегардад, ки тайи солҳои ахир дар Ҷопон, ИМА ва чанде аз кишварҳои Аврупо ҳаҷми қарзи давлатӣ аз 100%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар зиёд шудааст, ки бо назардошти суръати пасти рушди иқтисод, касри устувори буҷет ва уҳдадориҳои пешбинишудаи марбут ба пир шудани аҳолии ин давлатҳо нигаронӣ ба бор меорад.
Дар таҳқиқот таъкид мешавад, ки айни замон оид ба роҳу воситаҳои беҳтарини коҳиши қарзи давлатӣ баҳсу мунозираҳои доманадор сурат мегиранд. Гурӯҳе сарфаи шадиди воситаҳои буҷетиро афзал дониста, доираҳои дигар афзоиш тавассути хароҷот ё ҳавасмандсозии буҷетиро тавсия медиҳанд ва гурӯҳи сеюм ба истифодаи муваффақонаи стратегияи нигоҳ доштани рушди бахши молиявӣ ишора мекунанд, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон аз ҷониби ИМА истифода шудаву равона гардидани воситаҳои ҳукуматро ба худи ҳукумат дар назар дорад.
Қобили зикр аст, ки зимни баргузории таҳқиқот пойгоҳи маълумоти ХБА дар давраи аз соли 1875 истифода гардида, 26 ҳолати аз 100%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварҳо зиёд будани ҳаҷми қарзи давлатӣ ошкор шудааст.
Дар таҳқиқот се воситаи коҳиши ҳаҷми қарзи давлатӣ тавсия егардад, ки чунинанд: 1) ба муттаҳидии буҷетӣ бояд тадбирҳои рушди иқтисодӣ илова гарданд; 2) дар сурати хусусияти доимӣ доштани тадбирҳои буҷетӣ коҳиши қарз бузург ва дарозмуҳлат буда метавонад ва 3) ислоҳи вазъ дар бахши андозу молия ва ин тарзи коҳиши қарз вақтро тақозо мекунанд.
Ёдрас мекунем, ки ба охири нимсолаи аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 127,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ба 29,7%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар баробар аст. Аз ҳаҷми умумии қарзи хориҷӣ миқдори қарзҳои бевоситаи давлат 940,53 млн. $ аст, ки аз ҷониби ҳукумат пардохт мегардад. Дар ин самт қарздиҳандагони асосӣ Бонки ҷаҳонӣ (371,27 млн. $), Бонки осиёгии рушд (333,02 млн. $) ва Бонки исломии рушд (103,58 млн. $) мебошанд.
Ба охири моҳи июн ҳаҷми қарзҳои дуҷониба 997,60 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Ин ҷо ҳаҷми асосии қарз ба «Эксимбонк»-и Чин (878 млн. $) рост меояд. Ғайр аз ин, қарзҳои Бонки миллӣ дар назди Хазинаи байнулмилалии асъор 120 млн. $ ва ҳукумати Чин 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Боз каме бештар аз 45 млн. доллари ИМА қарзҳое мебошанд, ки таҳти кафолати вазорату идораҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ ҷалб шудаанд.


