Дидори консули генералии Тоҷикистон бо раиси шаҳри Истамбул

Чанде қабл дар шаҳри Истамбули Туркия мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон Илҳом Абдурахмонов бо раиси шаҳри Истамбул Кадир Топбаш баргузор гардид. Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот раиси шаҳри Истамбул аз таърих ва дастовардҳои имрӯзаи Истамбул дар соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ёдовар шуда, пешравиҳои назаррасро дар соҳаҳои нақлиёт, туризм, экология, ободонӣ ва […]


Чанде қабл дар шаҳри Истамбули Туркия мулоқоти Консули генералии Тоҷикистон Илҳом Абдурахмонов бо раиси шаҳри Истамбул Кадир Топбаш баргузор гардид.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар оғози мулоқот раиси шаҳри Истамбул аз таърих ва дастовардҳои имрӯзаи Истамбул дар соҳаҳои гуногуни шаҳрдорӣ ёдовар шуда, пешравиҳои назаррасро дар соҳаҳои нақлиёт, туризм, экология, ободонӣ ва хоҷагии коммуналӣ таъкид сохт.

Консули генералӣ вусъат додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва андӯхтани таҷрибаи пешрафтаи ин шаҳри бузургро аз ҷониби мақомотҳои дахлдори шаҳру минтақахои мухталифи Тоҷикистон мувофиқи мақсад шуморид.

Ҳамзамон Консули генералӣ дар робита ба табодули таҷриба миёни шаҳри Истамбул ва шаҳри Душанбе дар соҳаҳои фарҳангу маориф, туризм, нақлиёт, инчунин андешидани чораҳои муассир оиди ҷалби соҳибкорон баҳри ҳамкориҳои муштарак ибрози андеша намуд.

Ҷонибҳо изҳори омодагӣ карданд, ки ҷиҳати густариши робитаҳои самараноки корӣ ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунсоҳа, инчунин ташвиқи бештари сармоягузории ҷониби Туркия ба Тоҷикистон муштаракан амал хоҳанд намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.