М.Кабирӣ: ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши муътадилсози вазъро мебозад

Зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки айни замон ҷавонон ва занони кишвар ҳарчи бештар ба ҲНИТ таваҷҷуҳ зоҳир месозанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, М.Кабирӣ дар суханронии худ ҳамчунин қайд кардааст, ки феълан шумори аъзои […]


Зимни суханронӣ дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтон раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ изҳор кард, ки айни замон ҷавонон ва занони кишвар ҳарчи бештар ба ҲНИТ таваҷҷуҳ зоҳир месозанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, М.Кабирӣ дар суханронии худ ҳамчунин қайд кардааст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ 42 ҳазор нафарро ташкил дода, беш аз 50 дарсади онро занон ташкил медиҳанд.

Раиси ҲНИТ ба донишҷӯёни мактаби олии маъруфи Амрико иттилоъ дод, ки зимни амалиёти низомии нерӯҳои ҳукуматӣ дар Хоруғ пас аз қатли генерали КДАМ Абдулло Назаров (21 июл) 70 нафар ба ҳалокат расида, пас аз он амалиёт фишор рӯи аъзои ҲНИТ шиддат ёфт ва то ҳанӯз идома дорад.

«М.Кабирӣ изҳор намуд, ки имрӯз ҲНИТ дар ҷомеаи Тоҷикистон нақши муътадилсози вазъро мебозад ва ин андешаи шахсии ӯ набуда, коршиносон низ бар ин назаранд, ки мегӯянд: ба туфайли фаъолияти қонунии ҲНИТ ҷавонони ба сиёсат таваҷҷуҳдошта на ба созмонҳои ифротгаро, балки маҳз ба ин ҳизб рӯ меоваранд», – гуфт манбаъ.

Дар ҷараёни сафар ба ИМА раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Маркази исломии шаҳри Ню-Йорк бо тоҷикони муқими ин шаҳр мулоқот анҷом медиҳад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.