Мусобиқаи байнулмилалии дзюдои диаспораи тоҷикон дар Иркутск

Date:


Рӯзҳои 27-28-уми октябри соли равон дар шаҳри Иркуткси Русия бо ташаббуси зодаи Тоҷикистон Эргаш Маҳмадбеков нахустин мусобиқоти байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни наврасон доир мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари диаспораҳои тоҷикон дар Вилояти Иркутск Алишер Ширинов хабар дод, Эргаш Маҳмадбеков муддати 7 сол аст, ки ба ҳайси президенти ташкилоти ҷамъиятии «Рушди дзюдо»-и шаҳри Иркутск фаъолият дорад.

«Э.Маҳмадбеков ҳудуди 10 сол ба сифати мураббӣ кор карда, айни замон дар гурӯҳи ӯ беш аз 60 нафар наврасони синнусоли аз 6 то 14-сола ба тамрину машқ машғуланд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Ширинов, дар ин муддат аз ҷониби Маҳмадбеков ҳафт мусобиқоти байнулмилаливу умумирусиягӣ ва чорабиниҳои зиёди варзишӣ миёни наврасону калонсолон созмон дода шудаааст.

«Чунин мусобиқот бори нахуст дар Ҳавзаи федералии Сибир доир гардида, дар он 17 тими шаҳру вилоятҳои Русия ва ҳамчунин варзишгарон аз кишварҳои хориҷи наздик, аз ҷумла Тоҷикистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Муғулистон ширкат меварзанд ва дар маҷмӯъ аз иштироки ҳудуди 700 нафар варзишгарон интизорӣ меравад», – иброз дошт номбурда.

Зимнан зикр гардид, ки дар мусобиқот ба сифати меҳмонони фахрӣ раиси шаҳри Иркутск Виктор Кондрашов, сармурабии дастаи мунтахаби Русия оид ба дзюдо Сергей Косинин, дзюдочии маъруфи тоҷик Расул Боқиев ва ҳамчунин дзюдочии шинохтаи рус Тамерлан Тменов низ иштирок хоҳанд кард.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...