Иштироки нозирони тоҷик дар интихоботи парлумони Украина

Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо Радаи Олии Украина Абдуҷалол Салимов дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина ширкат хоҳад варзид. Маъракаи интихобот ба парлумони Украина санаи 28-уми октябр баргузор мегардад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии […]


Вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо Радаи Олии Украина Абдуҷалол Салимов дар ҳайати гурӯҳи нозирон аз Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина ширкат хоҳад варзид. Маъракаи интихобот ба парлумони Украина санаи 28-уми октябр баргузор мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, А.Салимов рӯзи 25-уми октябр ба шаҳри Киев раҳсипор мешавад.

Ёдрас мекунем, ки намояндагони Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷамшедов ва Хуршед Раҳматов низ ба сифати гурӯҳи нозирон аз ИДМ дар мониторинги маъракаи интихобот ба Радаи Олии Украина шомил гардидаанд.

Қобили зикр аст, ки 225 нафар вакили Радаи Олии Украина аз рӯйи рӯйхати ҳизбӣ ва нисфи дигари боқимонда дар ҳавзаҳои бузург (мажоритарӣ) интихоб мешаванд. Имтиёзи ба парлумон гузаштан барои ҳизбҳо 5%-ро ташкил медиҳад.

Натоиҷи таҳқиқоти ахир гувоҳи онанд, ки имконоти Ҳизби ҳокими минтақаҳои Украина ва нерӯҳои мухолиф дар ин интихобот қариб баробаранд.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.