Қабули буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2009

Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МН МО ҶТ) Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2009» қабул гардид. Зимни маърӯза дар назди намояндагони парлумон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки т ибқи лоиҳа, соли оянда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ […]

Аваз Юлдошев


Душанбе. 12-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МН МО ҶТ) Қонуни ҶТ «Дар бораи буҷаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2009» қабул гардид. Зимни маърӯза дар назди намояндагони парлумон вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор дошт, ки т


ибқи лоиҳа, соли оянда Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба маблағи 20 млрд. 665 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда, суръати афзоиши истеҳсолот 7,1 дарсад ва мизони таваррум ба андозаи 13 дарсад ба нақша гирифта шудааст. «


Соли оянда ба буҷаи давлатӣ ба ҷойи 254 млн. сомонии соли ҷорӣ ҳар моҳ 380 млн. сомонӣ ворид хоҳад шуд», – гуфт ӯ.





           

С.Наҷмиддинов зикр кард, ки соли оянда ба сохтмони нерӯгоҳи Роғун – 533 млн. сомонӣ, Сангтӯда-2 – 21 млн., рушди бахши кишоварзӣ – 353 млн., нақлиёт ва коммуникатсия – 488 млн., сохтмон ва хоҷагии коммуналӣ – 268 млн., маориф – 1 млрд. 160 млн., беҳдошт – 396 млн., ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – 937 млн., ҷуброни афзоиши нархи газу барқ – 36 млн., фаъолияти сафорату консулгариҳои ҷумҳурӣ – 74 млн. сомонӣ ва барои соҳаи мудофиаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 47 фоиз бештар ҷудо кардани маблағҳо пешбинӣ шудаанд.




           

«Бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба нишондиҳандаҳои буҷа боис шуда наметавонад», – таъкид сохт ӯ.




           

Дар навбати худ раиси Кумита оид ба иқтисод, молия ва буҷаи парлумон Гулчеҳра Бозорова изҳор дошт, ки барои омӯзиш ва муҳокимаи буҷаи соли оянда гурӯҳи кории парлумон таъсис дода шуда буд, ки оид ба ин масъала 96 пешниҳоду тавсияҳо таҳия кард ва чанде аз он аз ҷониби ҳукумат дастгирӣ ёфтанд. «Масалан, пешниҳод дар бораи ҳисоботдеҳ будани Фонди мӯътадилгардонии ҷумҳурӣ дар назди парлумон ва акнун ҳамасола ин фонд ба парлумон дар бораи фаъолияташ ҳисобот медиҳад», – афзуд ӯ.




           

Ёдрас мекунем, ки лоиҳаи буҷа 30-уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд. Дар ҷаласаи ҳукумати ҷумҳурӣ сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буҷаи соли 2009-ро буҷаи рушди иқтисод номида, қайд кард, ки аз нисф зиёди маблағҳои ҷудогардида ба сохтмони иншооти стратегӣ равона хоҳанд гардид.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Тарҳи ҳифзи Душанбе аз гармӣ ва обхезӣ. Масъулин ва коршиносон чӣ нақша доранд?

Лоиҳаи арзишаш беш аз 10 млн сомонӣ ба таъмиру навсозии низоми таъминот бо об, коҳиши хавфи обхезиҳо ва омодагии шаҳр ба тағйирёбии иқлим равона шудааст.

Никоҳу талоқ дар Тоҷикистон коҳиш ёфтааст

Баландтарин теъдоди никоҳ ва талоқ ба вилояти Суғд рост меояд

“Аз таҳти дил ва самимӣ месароид”. Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ

Имрӯз зодрӯзи Нигина Рауфова, Ҳофизи халқии Тоҷикистон ва яке аз сарояндагони беҳамтои сурудҳои халқӣ аст.

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.