Тоҷикистон дар қатори 17 кишвари ҷаҳон аз СММ баррасии масоили энергетикаро дархост кард

            Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони 18 кишвари ҷаҳон ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки масоили самаранокии энергетикӣ ва сарфаи энергия мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки дар ҷараёни иҷлосияи 63-уми Ассамблея ба ин масъалаҳои муҳими энергетикӣ ва экологӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардад. Дар ин […]



           

Душанбе. 3-юми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Намояндагони 18 кишвари ҷаҳон ба Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид муроҷиат намуда, дархост кардаанд, ки масоили самаранокии энергетикӣ ва сарфаи энергия мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Онҳо пешниҳод кардаанд, ки дар ҷараёни иҷлосияи 63-уми Ассамблея ба ин масъалаҳои муҳими энергетикӣ ва экологӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардад. Дар ин бора Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад.





           

Дар дархост гуфта мешавад, ки сарфаи энергия ва истифодаи сарчашмаҳои нави энергияи барқароршаванда дар ноил гаштан ба ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва ҳалли мушкилоти мавҷудаи тағйирёбии иқлими сайёра нақши муҳим мебозанд.




           

Ташаббускорони ин иқдом бар он назаранд, ки Ассамблеяи Генералӣ чун мақоми мубоҳисавӣ ва ҳамоҳангсозии СММ аз ӯҳдаи ташкили табодули таҷриба, доир сохтани гуфтушуниду мубоҳисаҳои байнулмилалӣ ва дар ниҳояти кор ҳалли ин масоил ба хубӣ баромада метавонад.




           

Дар тӯли солҳо Белорус барои таваҷҷӯҳи СММ ба ин масоил талош меварзид. Акнун дар қатори ин кишвар иқдоми мазкурро Полша, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Венесуэла, Ҳиндустон, Дания ва Африқои Ҷанубӣ низ дастгирӣ карданд.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.