Дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст, – назари коршиноси масоили сиёсӣ

Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки соли равон дар Тоҷикистон ба такмили усулии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин зарурат пеш омадаст. Коршинос мӯътақид аст, […]


Душанбе. 7-уми январ. ОИ «Азия-Плюс» – Имсол дар Тоҷикистон Соли Имоми Аъзам эълон шудааст.




Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо ОИ «Азия-Плюс» номзади улуми сиёсӣ, коршиноси масоили сиёсӣ Абдулло Ҳаким Раҳнамо дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки соли равон дар Тоҷикистон ба такмили усулии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин зарурат пеш омадаст. Коршинос мӯътақид аст, ки дар Тоҷикистон таъсиси вазорат оид ба корҳои дин зарур аст. «Чунин вазорат дар кишварҳои рушдёфтаи дунявие чун Туркияву Миср фаъолият дорад ва таҳлилҳо баёнгари онанд, ки минбаъд дин яке аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдат, суботи ҷомеа ва амнияти миллӣ хоҳад гашт», – гуфт ӯ.



Ба гуфтаи коршинос, чунин вазорат дар пешгӯӣ, ҳамоҳангсозӣ ва идораи равандҳои динӣ дар ҷомеа нақши ҳалкунанда хоҳад бозид. «Ба ин мақомот сохторҳои ҷудогонаи марбут ба дин, аз қабили Маркази исломии ҶТ, Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг, Маркази исломшиносии назди президенти Тоҷикистон, Сарраёсати танзими расму оини назди Дастгоҳи иҷроияи президенти ҷумҳурӣ ва ғайраро метавон муттаҳид сохт», – изҳор дошт ӯ.



А.Раҳнамо мегӯяд, ки ин вазорат бояд мақомоти соф шаҳрвандӣ бошад ва тамоми равобиту чорабиниҳои давлатии марбут ба дин бояд тавассути ин мақомот сурат бигирад.



Коршинос мегӯяд, шахсе, ки ба ин вазифа таъин мегардад, бояд миёни доираҳои динии кишвар соҳибэҳтиром бошад. Ба сифати шахсони арзанда ба ин мансаб коршинос аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, роҳбари Сарраёсати танзими расму оини Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҳалим Холиқов ва раиси Сарраёсати корҳо оид ба дини Вазорати фарҳанг Идибек Зиёевро номбар кард.


Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.