Як силсила мулоқотҳои раиси ҲНИТ бо сокинони вилояти Суғд

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари серӯза ба вилояти Суғд бо сокинони ин минтақа як қатор мулоқотҳо орост. Бино ба иттилои сомонаи ҳизб, субҳи 21-уми май раиси ҲНИТ бо ҷамъи ҳамроҳонаш  дар  ҷамоати деҳоти Қистақус  бо мардум вохӯрӣ намуда, дар бораи мушкилот […]

Душанбе. 24-уми май. «Азия-Плюс» — Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ зимни сафари серӯза ба вилояти Суғд бо сокинони ин минтақа як қатор мулоқотҳо орост.

Бино ба иттилои сомонаи ҳизб, субҳи 21-уми май раиси ҲНИТ бо ҷамъи ҳамроҳонаш  дар  ҷамоати деҳоти Қистақус  бо мардум вохӯрӣ намуда, дар бораи мушкилот ва дигар паҳлӯҳои рӯзгори мардум сӯҳбатҳоеро анҷом доданд. Баъди зӯҳри рӯзи 21-уми май ӯ бо мардуми шаҳри Исфара вохӯриеро анҷом дод, ки дар он собиқадорони ҲНИТ, меҳмонон, зиёиён, шахсиятҳои мазҳабӣ, мақомоти иҷроияи сохторҳои гуногуни ҳокимияти маҳаллӣ ва намояндагони Васоити Ахбори Омма иштирок доштанд. Дар ин ҷаласа аз ҷониби раҳбари ҲНИТ ба ин нукта таъкид карда шуд, ки ҲНИТ  омодаи хидмат ба мардум буда, алайҳи фасоду зулм аст. Ҳамчунин бори дигар таъкид  карда шуд, ки ҲНИТ як ҳизби мӯътадил буда, алайҳи ҳаргуна хушунат, тундгароиву  зулм мебошад. Дар баробари сиёсатҳои давлатӣ гуфта шуд, ки ҲНИТ омода аст,  барои рушду нумӯъи кишвар саҳм бигзорад.  

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 22-уми май дар шаҳри Хуҷанд, мулоқоти раиси ҲНИТ  М. Кабирӣ бо ҷавонон  баргузор гардид. Раиси ҲНИТ М. Кабирӣ ҷавонони вилоятро табрик намуда дар ҳузури мардум, дар мавзӯи  «Мо ва ҷавонон, ихтилофи наслҳо, ҷавонони ҳизбӣ чӣ гуна бояд бошанд» суханронӣ намуда, ҷавононро ба ҳушёриву донишандузӣ даъват кард. Аз ҷумла раҳбари ҳизб М. Кабирӣ  ба ин нукта таъкид карданд, ки ҷавонон дар баробари доштани донишҳои мазҳабӣ бояд донишҳои замонавиро низ аз худ намоянд. Эшон ҳамчунин аз ҷавонон даъват карданд, ки барои муаррифӣ кардани чеҳраи як мусалмони ором ва намуна шудан талош намоянд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.