Баррасии омодагӣ ба ҷашни 20-солагии истиқлолият дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 30  июни соли 2011 дар Душанбе баргузор мегардад. Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавка Саидов хабар дод, дар иҷлосия масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтиҷомии […]

Азия-Плюс

Душанбе. 17-уми июн. «Азия-Плюс» — | Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи шашуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе 30  июни соли 2011 дар Душанбе баргузор мегардад.

Тавре сухангӯи раиси пойтахт Шавка Саидов хабар дод, дар иҷлосия масоили омодагии пойтахт ба ҷашни 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтиҷомии пойтахт мавриди баррасӣ қарор гирифта, гузориши Раиси Комиссияи шаҳрии интихобот Ҳусноро Мирзоева оид ба интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе шунида шуда, ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №23 ва №57 тасдиқ мегарданд. «Дар иҷлосияи Инчунин, муовини Раиси шаҳри Душанбе Сановбар Раҳимова ва раиси Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳбуба Каримова доир ба  натиҷаи татбиқи  Барномаи ислоҳоти соҳаи тандурустии шаҳри Душанбе барои солҳои 2003-2010 ва оиди фаъолияти комиссияи  гендерӣ, тандурустӣ, ҳифзи модар ва кӯдак ҳисобот медиҳанд», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Ш. Саидов, дар иҷлосияи шаҳрӣ раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба масъалаҳои нақлиёт, коммуникатсия ва беҳдошти роҳҳо, илм, инноватсия, маориф ва фарҳанг интихоб мегарданд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.