Тоҷикистону Русия оид ба масоили марзӣ созишнома ба имзо мерасонанд

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз дидор бо президенти Тоҷикистон роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон миёни Маскаву Душанбе оид ба масоили марзӣ созишнома ба имзо хоҳад расид. Ба қавли С.Наришкин, Тоҷикистон соли ҷорӣ вазифаи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои […]

Душанбе. 30-юми июн. «Азия-Плюс» — | Пас аз дидор бо президенти Тоҷикистон роҳбари маъмурияти президенти Русия Сергей Наришкин дар ҷамъи рӯзноманигорон изҳор дошт, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон миёни Маскаву Душанбе оид ба масоили марзӣ созишнома ба имзо хоҳад расид.

Ба қавли С.Наришкин, Тоҷикистон соли ҷорӣ вазифаи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ӯҳда дорад ва дар мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омодагӣ ба нишасти ҷашнии сарони кишварҳои узви созмон, ки 5-уми сентябр дар шаҳри Душанбе доир мегардад, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир карда шуд. «Ҳамчунин дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба сафари давлатии президенти Русия ба Тоҷикистон аввалҳои моҳи сентябр низ баррасӣ шуд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда гуфт, дар ҷараёни сафари президенти Русия ба Тоҷикистон Барномаи ҳамкории иқтисодии дуҷониба барои солҳои 2011-2014 ва Созишнома дар бораи ҳамкории Тоҷикистону Русия оид ба масоили марзӣ ба тасвиб хоҳад расид.

Роҳбари маъмурияти президенти Русия ҳамчунин зикр намуд, ки дар дидор бо сарвари давлати Тоҷикистон маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои низомӣ ва низомӣ-техникии дуҷониба баррасӣ шудаанд. «Ман бар ин назарам, ки ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистон ба манфиати ҳарду кишвар аст», – изҳор кард вай.

Дар робита ба масъалаи истифодаи фурудгоҳи Айнӣ аз ҷониби Русия, Сергей Наришкин гуфт, зимни мулоқот ин масъала низ баррасӣ шуда, айни замон он дар марҳилаи ҳаллу фасл қарор дорад.

Пас аз дидор бо сарвари давлати Тоҷикистон С.Наришкин ва вазири мудофиаи Русия Анатолий Сердюков озими Маскав шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.