Ҳ. Зарифӣ: Мавҷудияти ИДМ барои ҳамаи кишварҳои узви он манфиатовар аст

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти матбуотии тақвимӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки Тоҷикистон лоиҳаи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба кишварҳои узви иттиҳод равона кард. Ба қавли вазир, дар зарфи 20 соли фаъолияти ИДМ миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар бахшҳои иқтисод, молия, нақлиёт […]

Аваз Юлдошев

Душанбе. 18-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти матбуотии тақвимӣ вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ изҳор кард, ки Тоҷикистон лоиҳаи Консепсияи рушди минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро таҳия ва ҷиҳати баррасӣ ба кишварҳои узви иттиҳод равона кард.

Ба қавли вазир, дар зарфи 20 соли фаъолияти ИДМ миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ дар бахшҳои иқтисод, молия, нақлиёт ва ғайра муносиботи мутақобилан судманд ба роҳ монда шуда, мавҷудияти иттиҳод барои ҳамаи кишварҳои узви он манфиатовар аст.

«Мутаассифона, миёни кишварҳои узви иттиҳод мушкилот низ ҷой доранд. Масалан, то имрӯз дар муносиботи Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба мушкилоти обиву энергетикии минтақа ҳеҷ тағйироте ба вуқӯъ напайвастааст ва ҳамчунин ба мо муяссар нагардид, ки масъалаи бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон ворид кардани маҳсулоти нафтӣ аз Русияро ҳал намоем», – гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон қайд кард, ки афзоиш ё коҳиши ҳаҷми боҷҳои содиротӣ ба маҳсулот, хизматгузорӣ ва транзити нақлиёт ҳуқуқи истисноии ҳар як давлат аст.

«Перомуни масъалаи мухолифатҳо оид ба мушкилоти обиву энеретикии минтақа миёни Тоҷикистону Ӯхбекистон ҳаминро гуфта метавонам, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ ва дар ҳама гуна масъала ҳуқуқи ҳамсоягони худро поймол нахоҳад кард», – иброз дошт Ҳ.Зарифӣ.

Ба гуфтаи вазир, баъди аз ҷониби Русия боло бурдани боҷо содиротӣ ба маҳсулоти нафтӣ, Тоҷикистон воситаҳои дигари алтернативии  ба Тоҷикистон ворид сохтани маҳсулоти нафтӣ аз Туркманистон ва Озарбойҷонро ҷустуҷӯ дорад ва дар ин самт аллакай баъзе мувофиқаҳо ҳосил шудаанд.

«Роҷеъ ба масъалаи таҳияи лоиҳа ва сохтмони роҳи оҳани Эрон-Афғонистон-Туркманистон-Тоҷикистон-Чин гуфта метавонам, ки ахиран дар ин самт тағйироти мусбат ба вуқӯъ пайваст. Масалан, Туркманистон, ки аввалҳо ба ин лоиҳа чандон таваҷҷӯҳе надошт, феълан ба сохтмони баъзе қитъаҳои роҳи мазкур дар қаламрави худ шурӯъ кардааст», – гуфт вай.

Дар робита ба масъалаи узвияти Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии савдо, Ҳ.Зарифӣ гуфт, бо аксари кишварҳои узви созмон гуфтушунидҳо дар ин хусус муваффақона анҷом пазируфтаанд. «Акнун мо гуфтушунидҳоро бо аъзои асосии СҶС – ИМА ва Иттиҳоди Аврупо оғоз мекунем», – афзуд Ҳ.Зарифӣ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ