Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ду моҳи соли равон

Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ (январ-феврал) истихроҷи ангишт ба 13161,0 тонна расонида, нисбати нақша 3261,0 тн. (133,0%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 3709,0 тн. (140,0%) зиёд ангишт истеҳсол карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки корхонаҳои соҳаи ангишт дар соли 2011, нақшаи солонаи ангиштро […]

ASIA-Plus


Корхонаҳои соҳаи ангишти Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ (январ-феврал) истихроҷи ангишт ба 13161,0 тонна расонида, нисбати нақша 3261,0 тн. (133,0%) ва нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 3709,0 тн. (140,0%) зиёд ангишт истеҳсол карданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки корхонаҳои соҳаи ангишт дар соли 2011, нақшаи солонаи ангиштро пеш аз мӯҳлат (21.10.11) иҷро намудаанд. Истихроҷи ангишт дар соли 2011 ба 236735,0 тонна расонда шуд, ки ин нисбат ба нақша аз аввали сол +36735,0 тн. (118,3% ) ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта +36348,0 тн. (118,1%) зиёд мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ хабар доданд, фурӯши ангишт дар соли 2011 -237234,6 тоннаро ташкил дод, ки ин нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида +33169,37 тн. зиёд ё 116,2 %-ро ташкил дод.

Зиёд гардидани фурӯши ангишт, дар соли 2011 ин аз ҳисоби ба хориҷа содир намудани он, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Исломии Покистон мебошад. Дар соли 2011 аз конҳои ангишти «Фон-Яғноб» ва «Зиддӣ» 22331,0 тонна ангишт содир карда шуд.

 Дар ҷамъбасти ду моҳи соли ҷорӣ 14360,0 тонна ангишт ба фурӯш бароварда шудааст, ки нисбати давраи соли сипаригардида 5124,0 тн. (155,4%) зиёд мебошад. Воридоти ангишт то санаи 1.02. 2012-ум 2502,6 тоннаро ташкил дод.

Корхонаҳои соҳа тасмим гирифтаанд, ки Наврӯзи байналмилалиро бо меҳнати софдилонаю хизматҳои шоён дар рушди соҳаи энергетика, баланд бардоштани самаранокии меҳнат дар истеҳсолот ва дастовардҳои меҳнатӣ истиқбол намоянд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.