Т. Айёмбеков: Мо барои хизмат ба Тоҷикистону сиёсати президент омодаем

Дар изҳороти худ ба аҳолии Бадахшон Толиб Айёмбеков иброз дошт, ки «рӯйдодҳои ахири Хоруғ кори дасти душманони мардуми тоҷик буда, он то ҳанӯз идома дорад». « Мо набояд ба ҷудоиандозӣ миёни миллат роҳ диҳем», – гуфт вай. Ба гуфтаи Т.Айёмбеков, ӯву бародаронаш «баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ силоҳро ба замин гузоштанд. «Мо омодаем, ки дар […]


Дар изҳороти худ ба аҳолии Бадахшон Толиб Айёмбеков иброз дошт, ки «рӯйдодҳои ахири Хоруғ кори дасти душманони мардуми тоҷик буда, он то ҳанӯз идома дорад». « Мо набояд ба ҷудоиандозӣ миёни миллат роҳ диҳем», – гуфт вай.

Ба гуфтаи Т.Айёмбеков, ӯву бародаронаш «баҳри сулҳу осоиш дар ҷумҳурӣ силоҳро ба замин гузоштанд. «Мо омодаем, ки дар назди қонун ҷавоб бигӯем, – таъкид кард ӯ. – Бигзор гунаҳкор будани ин ё он шахсро мақомоти судӣ дар чаҳорчӯби қонунгузорӣ муайян кунад. Мо аз номи худ ҷавоб хоҳем гуфт. Мо ҷонибдори ҳалли қонунии масъала будем ва ҳамин гуна боқӣ мемонем. Мо ҳамеша баҳри хизмат ба Тоҷикистон ва сиёсати сарвари давлат омодаем».

Айёмбеков аз тамоми шахсони мусаллаҳ даъват кард, ки баҳри амнияти вазъ силоҳҳоро супоранд «Сокинони Хоруғ бесаброна ташрифи президентро интизоранд, то ки тамоми нофаҳмиҳои маҷударо комилан ва бебозгашт ҳал намоянд», – зикр кард ӯ.

«Тӯли 20 соли истиқлол бо ташабббуси президент Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ корҳои ободонӣ сурат гирифтанд, – изҳор дошт Т.Айёмбеков. – Ҳамчунин сол то сол ба туфайли сиёсати дурандешонаи сарвари давлат сатҳи некӯаҳволии мардуми вилоят беҳбудӣ меёбад».

Толиб Айёмбеков ба мардуми Бадахшон муроҷиат карда, аз суханҳои сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи «на бо хун, балки бо об шустани хун»-ро ёдовар шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.