Изҳори мавқеи Тоҷикистон оид ба вазъ дар Фаластин, Мянмар ва Сурия

Чанде қабл дар шаҳри Ҷиддаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ доир гардида зимни суханронӣ дар он вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ мавқеи Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти ҷаҳони исломро изҳор кард. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳ.Зарифӣ аз ҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон дар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар шаҳри Ҷиддаи Мамлакати Арабистони Саудӣ нишасти ғайринавбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ доир гардида зимни суханронӣ дар он вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ мавқеи Тоҷикистон дар робита ба мушкилоти ҷаҳони исломро изҳор кард.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Ҳ.Зарифӣ аз ҷумла зикр кард, ки Тоҷикистон дар мавзӯи ҷавҳарии олами исломӣ мавқеъи Фаластинро комилан дастгирӣ намуда, фоҷеаи мусалмонони Мянмарро қотеъона маҳкум мекунад.

Дар идома вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иброз дошт, ки бӯҳрони Сурия бояд бе дахолати хориҷӣ ба корҳои дохилии ин кишвар аз ҷониби мардуми Сурия ҳалли худро пайдо намояд. Намояндаи баландпояи Ҷумҳурии Тоҷикистон ишора намуд, ки нақшаи тарҳрезишудаи намояндаи собиқи муншии Созмони Милали Муттаҳид ва Лигаи давлатҳои араб дар масоили Сурия Куфи Анонро нахустқадам барои ҳалли қазияи ин кишвар медонад ва дар ин раванд ҷомеаи ҷаҳониро ба он даъват менамояд, то ҷонибҳои даргири низоъро ба ин иқдом водор намоянд ва кафолати ҳаёти ҳар як шаҳрванди Сурия таъмин карда шавад.

Қобили қайд аст, ки 14 ва 15-уми августи соли ҷорӣ нишасти ғайринавбатии Сарони кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар шаҳри Макка идома меёбад ва дар ин нишаст Президенти Чумҳурии Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.

Дар Қирғизистон Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад

Дар доираи он Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ доир мешавад.

Шумори шабакаи меҳмонхонаҳо дар Тоҷикистон аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ камтар будааст

Ҷумҳурӣ ҳоло ҳам бо теъдоди ками меҳмонхонаҳои босифат бозори маҳдуд боқӣ мемонад.

Абдунабӣ Сатторзода: “Азия-Плюс” имиҷи мусбати Тоҷикистон ва василаи сохтани миллати комил аст!

Ин дипломат гуфт, ки расонаи мо барои ҳукумат чӣ аҳамият дорад ва чаро бояд боҷуръат бошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 87

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 майи соли 2026

Аз таъсиси телевизиони "Кӯлоб" ва ифтитоҳи консулгарии Афғонистон дар Хоруғ то даргузашти Лолахон Сатторӣ