Покистон ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона мефиристад

Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиялро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва […]


Имрӯз раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров сафири Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиялро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаи тақвияти ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Покистон дар ҳамаи заминаҳо, аз ҷумла муносиботи байнипарлумонӣ, ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, энергетикӣ, кишоварзӣ, фарҳангӣ ва дигар мавзӯоти мавариди таваҷҷӯҳи тарафҳо муҳокима шуданд.

Ш.Зуҳуров зикр кард, ки то имрӯз миёни кишварҳо 25 санади муҳим, аз қабили Созишнома ва Протоколҳо ба имзо расида, бояд барои мавриди иҷро қарор гирифтани ин санадҳо талоши бештар карда шавад.

Ҷаноби Амҷад Ҳусейн Сиял салому дуруди раиси парлумони кишварашро ба Шукурҷон Зуҳуров расонида, ҳамзамон изҳор дошт, ки рӯзҳои 3 ва 4-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Исломобод конфронси байнипарлумонӣ бо иштироки намояндагони як қатор кишварҳо баргузор мегардад, ки иштироки ду нафар аз вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин конфронс дар назар дошта шудааст. Ин таклиф аз ҷониби раёсати Маҷлиси намояндагон ба хушнудӣ қабул гардид.

Сафир ҳамчунин таъкид кард, ки қарор аст, ҷониби Покистон дар доираи барномаи имдодрасонии худ ба Тоҷикистон низбо  маводи озуқаворӣ кӯмак намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.