Мусобиқоти кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до ИТФ дар пойтахт

Рӯзҳои 16-7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до ИТФ баргузор мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи миллии таэквон-до ва кигкбонсинги ҷумҳурӣ Эркин Латифов хабар дод, мусобиқа дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа воқеъ дар маҳаллаи Моҳи Нави пойтахт доир мегардад. Ба гуфтаи Латифов, мусобиқот миёни писарону духтарони синнусоли 7-8-сола, […]


Рӯзҳои 16-7-уми ноябр дар шаҳри Душанбе мусобиқоти ҷумҳуриявии кӯдакону наврасон оид ба таэквон-до ИТФ баргузор мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ноиби президенти Федератсияи миллии таэквон-до ва кигкбонсинги ҷумҳурӣ Эркин Латифов хабар дод, мусобиқа дар маҷмааи варзишии Хадамоти алоқа воқеъ дар маҳаллаи Моҳи Нави пойтахт доир мегардад.

Ба гуфтаи Латифов, мусобиқот миёни писарону духтарони синнусоли 7-8-сола, 9-10-сола, 10-13-сола ва 14-17-сола гузаронида мешавад. «Дар қувваозмоиҳо ҳудуди 400 нафар варзишгарони наврас, аз ҷумла 100 нафар духтарон аз вилоятҳои Суғду Хатлон, навоҳии тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ширкат меварзанд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки ин мусобиқа марҳилаи аввали омодагӣ ба мусобиқоти Чемпионати ҷаҳон аст, ки моҳи августи соли 2014 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Аз рӯи натоиҷи мусобиқот ғолибону ҷоизадорони ҳар кадоме аз гурӯҳи синнусолӣ бо ҷом ва медалҳо сарфароз гардонида мешаванд.

Ҳамчунин қайд шуд, ки варзишгарони наврас дар марҳилаи дуюми омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон, ки моҳи марти соли оянда дар Душанбе доир мегардад, низ ширкат варзида, аз рӯи натиҷаҳои он ҳайати ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон муайян карда мешавад ва маҳз ҳамин ҳайат моҳи апрели соли оянда Тоҷикистонро дар Чемпионати Осиё дар Непал намояндагӣ хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.