А.Қодирӣ раиси Федератсияи футболи Суғд интихоб шуд

Нимаи дуюми рӯзи 22юми июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ конференсияи ғайринавбатии интихобии Федератсияи футболи вилоят баргузор гашт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар кори он раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва аъзоёни Федератсияи футболи вилоят […]



Нимаи дуюми рӯзи 22юми июл дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ конференсияи ғайринавбатии интихобии Федератсияи футболи вилоят баргузор гашт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар кори он раисони шаҳру навоҳии вилоят, намояндагони Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ва аъзоёни Федератсияи футболи вилоят ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар конфронс асосан ду масъала интихоби раис ва муовини ФФС мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар рафти ҷаласа тариқи овоздиҳӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҳамзамон Раиси ФФС интихоб гардид. 55 нафар иштирокчиёни конфронс, ки ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд ҳама номзадии роҳбари вилоятро ба ин вазифа ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамчунин Рустам Марофиев – муовини раиси ФФС интихоб гардид. Федратси футболи вилояти Суғд соли 1992 таъсис дода шуд.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2013 инҷониб чемпионати вилояти Суғд мақоми лигаи якумро гирифт ва айни замон дар он 12 даста иштирок менамояд. Ҳамчунин дар лигаи олии кишвар се дастаи вилоят “Хуҷанд” – и шаҳри Хуҷанд, “Далерон-Уротеппа” – и  шаҳри Иставрашан ва “Парвоз” – и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳунарнамоӣ доранд.

Ҳамчунин бо мақсади  ҷалби ҳарчӣ бештари сокинон ба варзиш ва ноил гаштани онҳо ба натиҷаҳои назаррас дар вилоят барои 48 нафар варзишгарони беҳтарин идрорпулии Раиси вилоят таъсис дода шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.