Интиқоди Аслов аз сиёсати «духӯра»-и баъзе шарикон

Дар ҷараёни вохӯрии коршиносони сатҳи баланд оид ба масоили дарёфти ҳаллу фасл ва роҳу воситаҳои пешгирии падидаи ифротгароии зӯроварона, ки имрӯз  дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов сиёсати «меъёрҳои дугона»-и чанде аз кишварҳои шарики Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод. «Дар доираи уҳдадориҳои байнулмилалӣ оид ба пешгирии терроризм Тоҷикистон корҳои […]



Дар ҷараёни вохӯрии коршиносони сатҳи баланд оид ба масоили дарёфти ҳаллу фасл ва роҳу воситаҳои пешгирии падидаи ифротгароии зӯроварона, ки имрӯз  дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов сиёсати «меъёрҳои дугона»-и чанде аз кишварҳои шарики Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор дод.

«Дар доираи уҳдадориҳои байнулмилалӣ оид ба пешгирии терроризм Тоҷикистон корҳои зиёдеро ба сомон расонида, ҷиҳати пешгирӣ аз ифротгароӣ дар дохили кишвар кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд. Мо яке аз кишварҳои начандон сершуморе мбеошем, ки сарфи назар аз хатар ва таҳдидҳои мавҷуда, суботу амниятиро таъмин карда тавонистем», – иброз дошт С.Аслов.

Ба гуфтаи ӯ, нисбат ба дигар кишварҳо Тоҷикистон бо Афғонистон марзи аз ҳама тӯлонитар дошта, дар сафи пеши мубориза бо ҳар гуна таҳдиду чолишҳо қарор дорад ва сарфи назар аз имконоти маҳдуди иқтисодӣ, дар дохили кишвар дар ин самт тадбирҳои зиёде меандешад.

«Мутаассифона, ин талошҳои мо на ҳама вақт аз ҷониби чанде аз шарикони мо дастгирӣ меёбанд. Меъёрҳои дугонае, ки аз ҷониби онҳо истифода мешаванд, аксар вақт имкон намедиҳанд, ки вазъ ва таҳдидҳои имконпазир воқеъбинона бо назардошти хусусиятҳои минтақаи мо арзёбӣ шаванд», – қайд кард ӯ.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Тоҷикистон таҷрибаи талхи низоъи дохилиро, ки аз ҷониби ифротгароён ва сарпарастони онҳо таҳмил гардида буд, аз сар гузаронидааст ва оқибатҳои манфиии он то ҳол аз худ дарак медиҳанд. «Ҳукумати кишвар барои роҳ надодан ба такрор шудани чунин рӯйдодҳои фоҷеабор тадбир меандешад», – гуфт ӯ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овард, ки «ҷиҳати арзёбии рӯйдодҳо дар минтақаҳои гуногун хеле аз эҳтиёт кор гирифта, ба изҳороти беасос такя накунанд, балки хусусиятҳои ҳар минатқаро ба инобат гиранд».

Ёдрас мекунем, ки дар

паёми

имсолаи худ ба парлумон низ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошта буд, ки «истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад».

Сироҷиддин Аслов ба иштирокдорони вохӯрӣ иттилоъ дод, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо шарикони байнулмилалӣ лоиҳаи Стратегияи миллӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ифротграоии зӯроварона ва тундгароиро, ки ба терроризм боис мегарданд, мавриди такмил қарор додааст.

«Самтҳои асосии ин стратегия – пешгирии ифротгароӣ ва тундгароӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон, муқовимат ба истифодаи Интернет бо мақсадҳои ифротгароӣ ва терроризм, пешгирии паҳншавии ақидаҳои ифротгароӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ буда, ғайр аз ин, дар стратегия ҷанбаҳои гендерии мушкилоти ифротгароии зӯроварона низ ба инобат гирифта мешаванд», – гуфт Сироҷиддин Аслов.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.