Эмомалӣ Раҳмон аз сифати истеҳсоли сарулибоси мактабӣ дар пойтахт интиқод кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз сифати сарулибоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахт истеҳсол мешаванд, интиқод кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2018 дар шаҳри […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз аз сифати сарулибоси мактабие, ки дар корхонаҳои пойтахт истеҳсол мешаванд, интиқод кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои нави таълимии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тибқи маълумот дар нимсолаи якуми соли 2018 дар шаҳри Душанбе 75 ҳазор дона либоси мактабӣ ба маблағи 3,4 миллион сомонӣ истеҳсол карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, Президент таъкид дошт, ки ин нишондиҳанда нисбат ба талабот, ки 110 ҳазор донаро ташкил медиҳад, хеле кам мебошад.

«Волидайни хонандагон аз сифат ва тарҳи дӯхти либосҳои мактабӣ қаноатманд нестанд ва бо ин сабаб қисми зиёди либосҳо дар анборҳо боқӣ мондааст», – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Гуфта мешавад, дар ин робита Сарвари давлат назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо вазифа гузошт, ки дар масъалаи бо тарҳи замонавӣ ба роҳ мондани дӯхти либоси мактабӣ, таъмин намудани талабот ба он ва то оғози соли нави хониш ташкил кардани ярмаркаҳои фурӯши либосу лавозимоти хониш тадбирҳои саривақтӣ андешад.

Қобили зикр аст, ки дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №31-и пойтахт дар ду баст 3 ҳазору 120 нафар хонандагон таҳсил мекунанд.

Сарвари давлат аз омӯзгорон даъват кард, ки насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намуда, ба сатҳу сифати омӯзиши илмҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...