Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Путин балети “Щелкунчик”-ро тамошо кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 декабр дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 6 декабр дар ҷаласаи ғайринавбатии Сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия баргузор шуд, иштирок кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, сарони давлатҳои иштирокчии ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамгироии байнидавлатиро дар доираи иттиҳод мавриди баррасӣ қарор дода, доир ба нақшаҳои кории минбаъда вобаста ба таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими амнияту бехатарӣ дар қаламрави давлатҳои аъзои иттиҳод табодули афкор намуданд.

Гуфта мешавад, дар ҷаласаи ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромилӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон хатари ҷиддӣ доранд, низ баррасӣ гардид.

Зимнан зикр мегардад, ки шоми ҳамин рӯз, пас аз анҷоми ҷаласаи ғайринавбатӣ бо даъвати Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар театри Мариинскийи шаҳри Санкт-Петербург аз балети “Щелкунчик” дидан карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.