Соли нав дар Осиёи Марказӣ: сокинони Ӯзбекистон аз ҳама бештар истироҳат мекунанд

Ба наздикӣ Соли нав фаро мерасад ва мо тасмим гирифтем, ки дар бораи чӣ гуна ҷашн гирифтани он дар дигар кишварҳо огаҳӣ ёбем. Маълум шуд, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сокинони Ӯзбекистон аз ҳама бештар дар ин ид истироҳат мекунанд. Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав ҳамагӣ як рӯзи истироҳат доранд: мутобиқи қонун “Дар […]

Ба наздикӣ Соли нав фаро мерасад ва мо тасмим гирифтем, ки дар бораи чӣ гуна ҷашн гирифтани он дар дигар кишварҳо огаҳӣ ёбем. Маълум шуд, ки байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ сокинони Ӯзбекистон аз ҳама бештар дар ин ид истироҳат мекунанд.

Сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав ҳамагӣ як рӯзи истироҳат доранд: мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, дар ин ид танҳо рӯзи 1 январ истироҳат муқаррар шудааст.

Соли гузашта сокинони Тоҷикистон се рӯз истироҳат карданд, чунки санаи 31 декабр ба рӯзи якшанбе рост омада, одамон натанҳо рӯзи 1 январ (душанбе), балки рӯзи 2-юми январ (сешанбе) низ истироҳат доштанд.

Имсол бошад, рӯзи охири соли равон – 31 декабр ба рӯзи душанбе рост омада, аз ин рӯ, барои тоҷикистониён дар Соли нав танҳо 1 январ рӯзи истироҳат мешавад.

Ба муносибати ҷашни Соли нав сокинони Ӯзбекистон 5 рӯзи пайиҳам – аз 30 декабр то 3 январи соли 2019 истироҳат мекунанд.

Рӯзҳои истироҳати иловагӣ дар ин робита бо фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 12 ноябр “баҳри истироҳати хубу комил ва ҷашнгирии Соли нав дар доираи аҳли оила” ҷорӣ шуд.

Лекин барои ҷорӣ шудани рӯзҳои истироҳати иловагӣ, ду рӯзи шанбе – 29 декабри соли 2018 ва 5 январи соли 2019 дар Ӯзбекистон рӯзи корӣ мешавад.

Дар ҷашни Соли нав сокинони Қазоқистон 4 рӯз истироҳат мекунанд. Рӯзи истироҳати шанбе- 29 декабр ба рӯзи душанбе – 31 декабр гузаронида мешавад. Рӯзҳои истироҳати қазоқистониҳо санаи 30 декабр оғоз гардида, се рӯзи минбаъда – 31 декабр, 1 ва 2 январ низ рӯзи ид ва истироҳат мебошанд.

Дар кишвари ҳамсояи Қирғизистон низ дар ҷашни Соли нав 4 рӯз – аз 30 декабр то 3 январ рӯзҳои истироҳат эълон шудааст. Дар ин ҷо низ Рӯзи истироҳати шанбе- 29 декабр ба рӯзи душанбе – 31 декабр гузаронида шудааст.

Дар Туркмманистон низ чун дар Тоҷикистон дар ҷашни Соли нав танҳо як рӯз – 1 январ рӯзи истироҳат аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.