Аз 15 июн таксиҳои шаҳри Душанбе якранга мешаванд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи эълони ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ қарор ба имзо расонид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи эълони ғолиби озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ оид ба таҳияи лоиҳаи намои зоҳирии воситаҳои нақлиёти автомобилии сабукрави таксӣ қарор ба имзо расонид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, лоиҳаи пешниҳоднамудаи муаллими калони кафедраи нақшакашии муҳандисии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ, Бадриддин Қурбонов  ғолиби озмун дониста шуд. Ӯ бо 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ қадрдонӣ мешавад.

Мувофиқи лоиҳаи пешниҳодкардаи Қурбонов, ранги қисмати болоии автомашинаи сабукрави таксӣ бояд зард ва қисмати поёниаш сафед бошад.

Бо қарори мазкур сарфи назар аз шакли молкиият, ҳамаи корхонаҳои машғул ба пешниҳоди хизматрасонии чунин навъи нақлиёт ба мусофирон ва боркашонӣ дар ин самт бояд то 15 июн аз ҳисоби худ ранги автомашинаҳоро ба намои зоҳирии ягонаи қабулгардида мутобиқ гардонанд.

Қобили зикр аст, ки автомашинаҳои таксӣ дар Душанбе як алтернатива ба автомашинаҳои мусофиркаши хурдғунҷоиш (маршруткаҳо) шуданд. Тибқи ҳисоби тахминии мутахассисони ин соҳа, дар панҷ ширкатҳои бузург дар Душанбе расман 1600 адад таксӣ фаъолият дорад. Ғайр аз ин, қариб ҳамин миқдор “таксиҳои ғайрирасмӣ” низ кор мекунанд.

Хабарҳои моро дар Viber пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://viber.com/asia-plus ҳамроҳ шавед.

Хабаргузории Asia-Plus-ро манбаи асосии иттилооти худ дар Google Новости бигардон, ба шабака бо суроғаи зерин обуна шав.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.