Рӯзи аввали сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон ба Россия

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 апрел бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф овард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково – 2”-и шаҳри Москва баргузор гардид. Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 16 апрел бо мақсади анҷоми сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия ташриф овард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, маросими истиқболи расмии меҳмони олиқадр, Президенти Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково – 2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.

Дар шаҳри Москва дар доираи сафари расмӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон, олимону муҳаққиқон, донишҷӯёну аспирантҳо, соҳибкорон, мутахассисони соҳаҳои гуногуни иҷтимоиёт – зодагони Тоҷикистон, ки дар Россия кору зиндагӣ ва таҳсили илм мекунанд, мулоқот анҷом дод.

Гуфта мешавад, зимни суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону намояндагони диаспора, муҳоҷирони меҳнатӣ ва донишҷӯёни тоҷик дар Федератсияи Россия Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки бо дарназардошти иқомати аксари муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия масъалаи ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россия аз мавзӯъҳои калидии музокироту гуфтушунидҳо бо роҳбарони олии Россия мебошад.

“Намояндагони сохтору мақомоти давлатии дар Россия фаъолиятдоштаи Тоҷикистон вазифадоранд, ки ба муроҷиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ сари вақт вокуниш нишон диҳанд, онҳоро раҳнамоӣ кунанд ва ба мушкилоти ҳамватанони худ бетараф набошанд”, – таъкид дошт Сарвари давлат.

Дар фарҷоми суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамватанонро ба муттаҳиду сарҷамъӣ даъват намуда, хотиррасон кард, ки тоҷикистониён як Ватан – модар доранд.

“Ва дар куҷое, ки кору зиндагӣ мекунед, эътибору обрӯ ва шаъну шарафи миллатамонро нигоҳ доред, то тавонед, хубӣ кунед. Агар хубӣ аз дастатон наояд, ба дигарон зарар нарасонед ва номи миллати куҳанбунёди тоҷикро доғдор насозед”, – зикр кард Эмомалӣ Раҳмон.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.