Қабули тағйирот ба буҷети давлатӣ бо таъхири 10 моҳ

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба буҷети давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шуд, ки аллакай аз оғози ҳамин сол мавриди амал қарор гирифтааст. Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон тағйирот ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2019”-ро маъқул шумориданд. Ба гуфтаи муовини вазири молия Карим Гулмуродзода, тағйироти пешниҳодшуда ба […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба буҷети давлатӣ барои тасдиқ пешниҳод шуд, ки аллакай аз оғози ҳамин сол мавриди амал қарор гирифтааст.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон тағйирот ба қонун “Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2019”-ро маъқул шумориданд.

Ба гуфтаи муовини вазири молия Карим Гулмуродзода, тағйироти пешниҳодшуда ба озод кардани ҶСП “Агротехсервис” (шаҳри Ҳисор) аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз оғози сол зимни ворид кардани қисмҳои эҳтиётӣ барои васлу насби техника ва мошинҳои кишоварзӣ дахл дорад.

Мувофиқи ин тағйирот, корхонаи мазкур ҳамчунин аз пардохти ААИ ҳангоми аз як ҷой ба ҷойи дигар интиқол додани маҳсулоти тайёр озод карда мешавад.

Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров аз он изҳори нигаронӣ кард, ки корхона аз ин имтиёзҳои андозӣ аз оғози сол истифода бурда, тағйироти дахлдор аз ҷониби вакилон баъди гузашти 10 моҳ сурат мепазирад.

“Ин дуруст нест. Лоиҳаро саривақт пешниҳод ва ҳамаи инро ҳангоми таҳияи буҷет дар соли гузашта пешбинӣ кардан лозим буд, ё дар аввали сол онро мебоист таҳия ва пешниҳод кард”, – гуфт ӯ.

Шукурҷон Зуҳуров аз намояндаи Вазорати молия дархост кард, ки минбаъд ин эродҳо ба назар гирифта шаванд.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус “Агротехсевис” воқеъ дар шаҳри Ҳисор моҳи майи соли гузашта бо иштироки сарони ҳар ду кишвар мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин корхона техника ва мошинҳои истеҳсоли Беларус васлу насб мешаванд.

Муовини вазири молия қайд кард, ки тӯли 9 моҳи соли 2019 дар ин корхона 160 адад техника ва мошинҳои кишоварзӣ, аз ҷумла, 92 трактори “Белорус” истеҳсол шудааст. Ҳудуди 40 адади онҳо, аз ҷумла, 16 трактор ба кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон содирот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишуда беш аз 680 млн. сомонӣ (зиёда аз 70 млн. доллар) камтар маблағ ворид гардидааст.

Мувофиқи маълумоти фаврии Вазорати молия, ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2019 ҳудуди 16,7 млрд. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи пешбинишуда 3,9% камтар мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.