Сомон Маҳмадбеков дар ВКД Тоҷикистон ба кор қабул шуд

Гуштигири маъруфи тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор қабул шуд. Сомон Маҳмадбековро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сазовори рутбаи лейтенанти хурди милитсия донист. Эргаш Маҳмабеков, мураббии Сомон Маҳмадбеков ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Сомон дар ҷамъияти варзишии “Динамо” ба вазифаи мураббӣ бо гирифтани рутбаи лейтенанти хурд […]

Гуштигири маъруфи тоҷик, чемпиони ҷаҳон оид ба дзюдо байни ҷавонон Сомон Маҳмадбеков дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба кор қабул шуд.

Сомон Маҳмадбековро вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, генерал-полковник Рамазон Раҳимзода сазовори рутбаи лейтенанти хурди милитсия донист.

Эргаш Маҳмабеков, мураббии Сомон Маҳмадбеков ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки Сомон дар ҷамъияти варзишии “Динамо” ба вазифаи мураббӣ бо гирифтани рутбаи лейтенанти хурд ба кор қабул шудааст.

“Ин рутба барои фаъолияти минбаъдаи варзишии Сомон муҳим буда, акнун ӯ дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ байни сохторҳои қудратӣ зери парчами Тоҷикистон иштирок карда метавонад”, – иброз дошт ӯ.

Ҳамчунин илова шуд, ки Сомон Маҳмадбеков аснои ҳузураш дар Тоҷикистон кормандони ВКД-ро машқ дода, худаш низ дар муҷтамаи варзишии вазорат тамринҳояшро анҷом дода метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.