Гранти навбатии Чин ба Тоҷикистон – $360 млн. барои роҳҳои Хатлону ВМКБ

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишнома дар бораи аз ҷониби Чин ба Тоҷикистон ҷудо шудани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми ҳудуди 360 млн. доллар тасдиқ шуд. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилон хабар дод, ки ин санадро ҳукуматҳои ҳар ду кишвар 15-уми июни соли 2019 зимни сафари давлатии раиси Чин Си […]

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ созишнома дар бораи аз ҷониби Чин ба Тоҷикистон ҷудо шудани кумаки бебозгашт дар ҳаҷми ҳудуди 360 млн. доллар тасдиқ шуд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода ба вакилон хабар дод, ки ин санадро ҳукуматҳои ҳар ду кишвар 15-уми июни соли 2019 зимни сафари давлатии раиси Чин Си Ҷинпин ба Душанбе имзо карданд.

Ӯ гуфт, ки роҳбари Чин нияти кишварашро пиромуни ба Тоҷикистон ҷудо кардани кумаки бебозгашт ба маблағи 2,5 млрд. юан (ҳудуди 360 млн. доллар) дар доираи созишномаҳои ҳамкории техникиву иқтисодӣ дар солҳои 2018-2020 ҳанӯз соли 2017 зимни сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин эълом дошта буд.

Ба гуфтаи вазир, маблағи дастрасшуда ба корҳои таъмиру навсозии роҳҳои мошингард дар шаҳрҳои Бохтару Кӯлоб, ҳамчунин қитъаи роҳи Душанбе – Кулма ва дигар мақсадҳо равона карда мешаванд.

Таъкид шуд, ки барои татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи таъмиру таҷдиди роҳҳо дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб аз гранти Чин 227,9 млн. юан (35 млн. доллар) ҷудо мешавад.

Вазир дар бораи чӣ миқдор маблағ равона кардан ба корҳои таъмиру таҷдиди қитъаҳои калидии марҳилаи дуюми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгард Душанбе – Кулма саҳеҳ маълумот надод.

Ҳамчунин зикр нашуд, зери мафҳуми мақсадҳои дигар, ки қисмате аз кумаки бебозгашти молиявии Чин ба онҳо ҷудо мешавад, чӣ дар назар дошта шудааст.

Бино ба маълумоти қаблии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, гуфтушунид дар бораи дастрасӣ ба гранти Чин барои таъмиру таҷдиди қитъаи роҳ аз Қалъаи Хумб то сарҳади ноҳияи Рӯшон ҷараён дорад. Ин  қитъаи роҳи мошингарди Душанбе – Кулма яке аз душвортарин дониста мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.