Ҳамлагари мунтахаби футболи Тоҷикистон минбаъд дар тими Ҳиндустон бозӣ мекунад

Ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Комрон Турсунови 23-сола минбаъд дар мусобиқаи чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад. Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ду мавсими охир Комрон Турсунов дар ҳайати тими “Истиқлол” бозӣ карда, бо ҳуқуқи агенти озод ба дастаи лигаи якуми Ҳиндустон – “Мохун Баган” аз Калкутта гузаштааст. Муҳлати қарордоди футболбози тоҷик бо […]

Ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ва мунтахаби футболи Тоҷикистон Комрон Турсунови 23-сола минбаъд дар мусобиқаи чемпионати Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ду мавсими охир Комрон Турсунов дар ҳайати тими “Истиқлол” бозӣ карда, бо ҳуқуқи агенти озод ба дастаи лигаи якуми Ҳиндустон – “Мохун Баган” аз Калкутта гузаштааст.

Муҳлати қарордоди футболбози тоҷик бо ин тими Ҳиндустон як сол пешбинӣ шуда, дар ин даста ӯ таҳти рақами 7 бозӣ хоҳад кард.

Дар ҳайати дастаи “Истиқлол” Комрон Турсунов ду сол пайдарпай дар ҳамаи мусобиқаҳои дохилӣ ғолиб шуда, мунтазам ба ҳайати мунтахаби футболи Тоҷикистон даъват мешавад.

Пас аз 4 давр дар мусобиқаи лигаи якуми чемпионати Ҳиндустон дастаи нави Турсунов айни замон зинаи сеюмро ишғол мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.