Мусобиқаи Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба теннис дар руйхати мусобиқаҳои ITF

Тибқи қарори Федератсияи байнулмилалии теннис (ITF) Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон ба руйхати мусобиқаҳои ITF ворид карда шуд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо истинод ба котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев, мусобиқаи байнулмилалии теннис миёни ҷавонони то 18-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз ин пас рейтингӣ маҳсуб меёбад […]

Тибқи қарори Федератсияи байнулмилалии теннис (ITF) Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон ба руйхати мусобиқаҳои ITF ворид карда шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпии ҶТ бо истинод ба котиби генералии Федератсияи тенниси Тоҷикистон Мирҳусейн Яҳёев, мусобиқаи байнулмилалии теннис миёни ҷавонони то 18-сола барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон аз ин пас рейтингӣ маҳсуб меёбад ва аз рӯйи дараҷаи G-4-и Федератсияи байнулмилалии теннис баргузор мешавад.

Федератсияи тенниси Тоҷикистон дар баробари Ҷоми Президенти Тоҷикистон, ҳамчунин мусобиқаҳои байнулмилалии Ҷоми Тоҷикистон, Ҷоми федератсия ва Ҷоми шаҳри Душанберо аз рӯйи дараҷаи G-5 доир мекунад.

Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис миёни наврасон бо фармони раисҷумҳур аз 19-уми марти соли 2005 ҳар сол гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа рушди ин намуди варзиш дар кишвар, тарғиби тарзи ҳаёти солим, муттаҳидӣ, ягонагӣ ва дӯстӣ миёни варзишгарон мебошад.

Зикр мешавад, ки соли 2020 мусобиқаи байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон оид ба теннис аз 30-юми август то 5-уми сентябр доир шуда, дар он намояндагони беш аз 30 кишвар иштирок хоҳанд кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.