Барои ғалаба бар қирғизҳо “Хуҷанд” 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ мегирад

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ғалаба бо ҳисоби калони 3 бар 0 дар бозӣ бо дастаи “Нефтчӣ”-и Қиргизистон ба дастаи футболи “Хуҷанд” 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ин дастаи футбол хабар дод, раиси вилоят, ки дар бозӣ ҳузур дошт, пас аз анҷоми вохӯрӣ барои табрики футболбозон ба […]

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои ғалаба бо ҳисоби калони 3 бар 0 дар бозӣ бо дастаи “Нефтчӣ”-и Қиргизистон ба дастаи футболи “Хуҷанд” 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ин дастаи футбол хабар дод, раиси вилоят, ки дар бозӣ ҳузур дошт, пас аз анҷоми вохӯрӣ барои табрики футболбозон ба ҳуҷраи либосивазкунии онҳо омад.

“Пас аз бозӣ раиси вилоят ба ҳуҷраи либосивазкунӣ даромада, футболбозонро бо ғалаба табрик кард ва ваъда дод, ки 100 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо мекунад. Мукофот ба ҳамаи кормандон ва бозингарони даста дода мешавад”, – гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 26 феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар бозии ҷавобии даври плей-оффи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2020 “Хуҷанд” тими “Нефтчӣ”-и Қирғизистнро бо ҳисоби калони 3 бар 0 мағлуб кард. Бозии аввалро дар Қирғизистон футболбозони тоҷик бо ҳисоби 0 бар 1 бохта буданд.

Акнун дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2020 “Хуҷанд” дар гурӯҳи “D”-и минтақаи Марказӣ ҳамроҳ бо тимҳои “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Олтин Асир” (Туркманистон) ва “Дордой” (Қирғизистон) бозӣ мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.