Манъи содироти баъзе маҳсулоти ғизоӣ аз Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё

Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус содироти як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) муваққатан манъ мешавад. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст. Ин қарор аз ҷониби Ҳайати мушовара (коллегия)-и Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 31-уми март қабул шудааст. Дар ин бора хадамоти […]

Бинобар сабаби паҳншавии коронавирус содироти як қатор маҳсулоти хӯрокворӣ аз кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) муваққатан манъ мешавад. Дар ин рӯйхат марҷумак (гречка), арзан, ярма, орди дурушт ва ғайра зикр шудааст.

Ин қарор аз ҷониби Ҳайати мушовара (коллегия)-и Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи рӯзи 31-уми март қабул шудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти Комиссияи мазкур хабар медиҳад.

Чунин тасмим бо он мақсад гирифта шудааст, ки дар ҳолати авҷи паҳншавии коронавирус кишварҳои узви Иттиҳод аҳолиро бо ин маҳсулот таъмин карда тавонанд.

“Аз рӯйи натиҷаҳои ҷаласаи Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ дар бораи ҷорӣ кардани “бастаи дуюм”-и тадбирҳо, ки ба муқаррар кардани манъи муваққатии содироти навъҳои ҷудогонаи маҳсулоти хӯрокворӣ равона шудаанд, қарор қабул шуд. Дар ин рӯйхат пиёз, сир (чеснок), шалғам, ҷав, шолӣ, марҷумак, арзан, ярма, орди дурушт ва чанде дигар зироатҳои ғалладона зикр шудааст”, – қайд мешавад дар хабар.

Аз кишварҳои узви Иттиҳод баровардани ин навъи маҳсулот то 30-юми июн манъ мешавад. Қарори Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии авруосиёӣ пас аз 10 рӯз аз замони нашри он дар сомонаи Комиссия мавриди амал қарор мегирад.

Ғайр аз ин, содироти воситаҳои муҳофизати шахсӣ, маводи ҳифз ва тамизкорӣ, инчунин маҳсулоти таъиноти тиббӣ аз кишварҳои узви ИИАО низ муваққатан манъ шудааст.

Ба ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳод дастур дода шудааст, ки масъалаи кумаки мутақобиларо баррасӣ кунанд.

Ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё 5 кишвар шомиланд: Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.