Сафорати Тоҷикистон дар Русия: “Аз сафар ба дигар шаҳру минтақаҳо ва кишварҳо худдорӣ кунед”

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бинобар паҳншавии коронавируси нав ва хатари он, аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки ҳолати ба вуҷуд омадаро дуруст ва воқеъбинона дарк намоянд. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост шудааст, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашудаи ҳукумати кишвари иқоматро комилан риоя карда, оромиро нигоҳ доранд. “Ҳукумати ҶТ бо мақсади ҳалли […]

Сафорати Тоҷикистон дар Русия бинобар паҳншавии коронавируси нав ва хатари он, аз ҳамаи ҳамватанон хоҳиш кардааст, ки ҳолати ба вуҷуд омадаро дуруст ва воқеъбинона дарк намоянд. Аз шаҳрвандони Тоҷикистон дархост шудааст, ки бо ҳисси масъулиятшиносӣ тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус андешидашудаи ҳукумати кишвари иқоматро комилан риоя карда, оромиро нигоҳ доранд.

“Ҳукумати ҶТ бо мақсади ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон ҳамаи чораҳои заруриро андешида, аксарияти онҳоеро, ки хоҳиши ба Ватан баргаштан доштанд, тавассути 7 парвози чартерии ҳавопаймоҳои ватанӣ аз Москва ба шаҳрҳои Тоҷикистон баргардонид”, – хабар додааст сафорат.

Гуфта мешавад, дар сурати имконпазир гардидани парвози ҳавопаймоҳо, шаҳрвандон маълумотро танҳо аз сомонаҳои (сайтҳои) ширкатҳои ҳавопаймоӣ, сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия, инчунин дигар мақомоти расмии Тоҷикистон дарёфт хоҳанд кард.

“Айни замон бояд ҳар як фарди ҷомеа дуруст дарк намояд, ки ин вазъияти душвор паёмади пандемияи коронавирус буда, кишварҳо ба хотири таъмини амнияти аҳолӣ барои манъи хатсайрҳо ва бастани сарҳадҳояшон маҷбур гардиданд. Дар чунин ҳолат тасмими дуруст ва рафтори шоиста ба хотири эҳтиёт кардани сиҳатмандии худ ва аҳли хонаводаю наздикон он аст, ки аз сафар ба дигар шаҳру минтақаҳо ва кишварҳо худдорӣ карда шавад. Зеро бо сабабҳои воқеӣ, сафар кардан тавассути фурудгоҳу истгоҳҳои роҳи оҳан номумкин аст”, – таъкид кардааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Дар ин робита аз ҳамватанон хоҳиш шудааст:

– ба қадри имкон ҷойи зист ва ё маҳалли кори худро бе зарурат тарк накунанд;

– бе зарурат аз метро ва дигар воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ истифода набаранд ва дар маҳалҳои корӣ ва бозору фурӯшгоҳҳо ҷамъ наоянд;

– дар сурати имконпазир будан, фаъолияти меҳнатӣ ва дигар эҳтиёҷот фосилавӣ (дистанционно) анҷом дода шавад;

– ҳатман ҳамаи қоидаҳои беҳдоштии сиҳатмандиро (гигиениро) риоя намоянд!

Дар сурати ба миён омадани мушкилот ва дигар ҳолатҳои зарурӣ, инчунин барои гирифтани посух ба суолҳо, шаҳрвандон метавонанд ба таври шабонарӯзӣ ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Русия бо рақамҳои телефон ва адресҳои электронии интернетии зерин тамос гиранд:

шаҳри Москва:

моб: +7 (926) 411 09 61

+7 (995) 501 87 33

+7 (985) 740-02-12

тел: +7 (495) 690-41-86

e-mail: [email protected]

Facebook: @tajembassy.ru

website: www.tajembassy.ru

шаҳри Санкт-Петербург:

тел: +7 (812) 490-47-46

[email protected]

шаҳри Уфа:

тел: +7 (347) 276-52-96

[email protected]

шаҳри Екатеринбург:

тел: +7 (343) 370-23-60

[email protected]

шаҳри Новосибирск:

тел: +7 (383) 349-59-70

[email protected]

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.