Эҳтимоли имшаб ба Тоҷикистон омадани ҳайати СҶТ

Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) баҳри муайян кардани вазъи марбут ба коронавирус имкон меҷӯяд, ки ба самти Тоҷикистон парвоз кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Дафтари кории аврупоии СҶТ хабар дода шуд. “Ҳайат имшаб озими Тоҷикистон шуда, кӯшиши парвоз ба Душанбе хоҳад кард. Ин кори осон нест, зеро сарҳадҳо бастаанд. Дар роҳ душвориҳо пеш омада метавонанд, лекин […]

Ҳайати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) баҳри муайян кардани вазъи марбут ба коронавирус имкон меҷӯяд, ки ба самти Тоҷикистон парвоз кунад. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Дафтари кории аврупоии СҶТ хабар дода шуд.

“Ҳайат имшаб озими Тоҷикистон шуда, кӯшиши парвоз ба Душанбе хоҳад кард. Ин кори осон нест, зеро сарҳадҳо бастаанд. Дар роҳ душвориҳо пеш омада метавонанд, лекин умедворем, ки ба он ҷо мерасем. Вақте ки ба он ҷо расидем, дар ҳамдастӣ бо сохторҳои расмӣ кор хоҳем кард, то ки вазъ маълум шавад”, – гуфтааст ҳамоҳангсози Дафтари кории аврупоии СҶТ Дорит Нитзан зимни нишасти матбуотӣ.

Корманди масъули робита бо ВАО-и Дафтари кории аврупоии СҶТ Люба Негру ба “Азия-Плюс” чунин иттилоъ  дод:

“Мо рӯйи ин масъала кор карда, имкони парвозро пайдо карданием”.

Дорит Нитзан зимни нишасти хабарӣ ҳамчунин изҳор доштааст, ки ҳамагӣ 26 тест аз Тоҷикистон ба озмоишгоҳҳои СҶТ ба Русия ва Бритониёи Кабир фиристода шуда, ҳамаи онҳо натиҷаи манфӣ нишон додаанд.

“То ҷое ман огаҳам, дар Тоҷикистон ҳозир барои беморони имконпазири коронавирус 22 дармонгоҳ бо 3 ҳазор кат омода шудаанд. Ҳамчунин дар ҷумҳурӣ 16 минтақаи карантин амал мекунанд”, – хабар додааст ӯ.

Қаблан зикр гардида буд, ки ҳайатҳои СҶТ ба Тоҷикистону Туркманистон сафарбар мешаванд. Онҳо дар доираи сафар ба ин кишварҳо аз шаҳру навоҳӣ, муассисаҳои тиббӣ ва иншооти муҳим боздид мекунанд.

Аз рӯйи натиҷаҳои сафар мутахассисони СҶТ доир ба вазъи эпидемиологӣ дар ин ду кишвар ва беҳбуди тадбирҳои муҳофизат аз паҳншавии коронавирус тавсия ва хулосаи худро пешниҳод мекунанд.

Конфронси онлайнии СҶТ замоне баргузор шуд, ки мақомот вуҷуд доштани коронавирусро дар Тоҷикистон расман эътироф карданд.

Инчунин чанде пеш СҶТ барои ташкили сафари ҳайаташ ба Тоҷикистону Туркманистон аз Русия кумак дархост кард.

Вақте дар бораи нақшаи сафари ҳайати СҶТ хабар мунташир шуд, то он дам дар Тоҷикистон ягон мавриди сирояти коронавирус сабт нашуда буд.

Аммо имрӯз Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зидиэпидемикӣ барои пешгирии интиқол ва паҳншавии сирояти нави коронавирус (CОVID-19) дар Тоҷикистон тасдиқи мавҷудияти бемории сироятиро расман эълон кард.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, то рӯзи 29-уми апрели соли 2020 дар кишвар 15 ҳолати тасдиқшудаи бемории сироятии Covid-19 ба қайд гирифта шудааст: 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.