ВКХ Осиёи Марказӣ ва Русия масоли муборизаи муштаракро бо COVID–19 баррасӣ карданд

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода рӯзи 21 май дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид. Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карда, ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои […]

Муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Зоҳир Саидзода рӯзи 21 май дар вохӯрии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки дар сиғаи видеоконфронс баргузор гардид, ширкат варзид.

Бино ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, намояндагони ниҳодҳои сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муқовимат ба паҳншавии бемории сироятии коронавирусро (COVID-19) муҳокима карда, ба ҷанбаҳои мусоидати мутақобила дар рафъи оқибатҳои иҷтимоиву иқтисодии ҳамагирии ҷаҳонӣ таваҷҷуҳи хос равона гардид.

Гуфта мешавад, тарафҳо омодагиро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Россия ба манзури мусоидат баҳри расидан ба ҳадафҳои рушди устувор таъкид намуданд.

Дар кори видеоконфронс муовини вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон иштирок карданд.

То 22 май дар Тоҷикистон 2350 нафар аз COVID-19 сироят ёфта, 44 нафар фавтиданд. Дар Русия 317,5 ҳазор ҳолати сироят ва беш аз 3 ҳазор фавтидагон, дар Ӯзбекистон – наздики 3 ҳазор сироятёфтаву 13 фавтида, Қирғизистон – 1313 сироят ва 14 каси фавтида, Қазоқистон – зиёда аз 7 ҳазор беморону 35 нафари фавтида сабт шудааст.

Нишондиҳандаи шифоёфтагон дар ин кишварҳо тариқи зайл аст: Тоҷикистон – 1008 нафар, Русия – беш аз 92 ҳазор, Ӯзбекистон – 2407 нафар, Қирғизистон – 923 кас ва Қазоқистон – 3843 нафар.

Бино ба маълумоти расмӣ, дар Туркманистон то ҳол ҳолати сироят аз COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.