Ҳамаи аҳли вилоят ба кумаки сокинони аз офат осебдидаи Хуросон шитофтанд

Ҳамарӯза ҳазорон нафар кормандони муассисаву ташкилотҳои ноҳияҳо ва вилояти Хатлон ба сокинони Хурсон, ки аз офати табиӣ осеб диданд, дар сохтмони хонаҳои нав кумак мекунанд. Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар бунёди манзилҳо барои осебдидагон омӯзгорони мактабҳои ҷамоатҳои Ҳилолӣ, Садриддин Айнӣ ва Қизилқалъа, инчунин муаллимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишкадаи энергетикӣ иштирок […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Ҳамарӯза ҳазорон нафар кормандони муассисаву ташкилотҳои ноҳияҳо ва вилояти Хатлон ба сокинони Хурсон, ки аз офати табиӣ осеб диданд, дар сохтмони хонаҳои нав кумак мекунанд.

Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар бунёди манзилҳо барои осебдидагон омӯзгорони мактабҳои ҷамоатҳои Ҳилолӣ, Садриддин Айнӣ ва Қизилқалъа, инчунин муаллимони Донишгоҳи давлатии Бохтар ва Донишкадаи энергетикӣ иштирок мекунанд.

Гуфта мешавад, ректорони Донишгоҳи давлатии Бохтар Сайфиддин Давлатзода ва Донишкадаи энергетикӣ Хайрулло Назарзода ваъда додаанд, ки то анҷоми сохтмони манзилҳо фаъолона ба сокинони осебдида кумак хоҳанд кард.

Аз ҷараёни сохтмони манзилҳо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода низ боздид намуда, ба ин ҳашари умумӣ саҳми худро гузошт.

Аксарияти осебдидагон аллакай бунёди таҳкурсии биноро ба анҷом расонида, ояндаи наздик ба сохмтони деворҳо шурӯъ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 14-16 май бар асари боришоти пуршиддат ва омадани сел дар пайи он ду деҳаи ноҳияи Хуросон осеби зиёд дида, 67 манзили сокинон пурра хароб шуд. Зиёни расида аз ин офат дар умум 6 млн 725 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар мавзеи Чорбоғ ҳукумат ба 67 оила барои сохтмони хонаҳои нав қитъаҳои замин ҷудо карда, манзилҳо бояд то 9 сентябри соли равон сохта шаванд.

Ба сокинони осебдидаи ноҳияи Хуросон масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сементу шифер, арматура ва тахтаҳо дода шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...