Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллиро баргузор кард

Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид. Дар ҷаласа рӯзномаи иҷлосияи дуюми палатаи болоии парлумон, ки пагоҳ, 26-уми июн доир мегардад, тасдиқ шуд. Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ қонун ва тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, дар умум наздики 33 масъала баррасӣ мешаванд. […]

Таҳти раёсати Раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ даъвати шашум баргузор гардид.

Дар ҷаласа рӯзномаи иҷлосияи дуюми палатаи болоии парлумон, ки пагоҳ, 26-уми июн доир мегардад, тасдиқ шуд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ қонун ва тағйироту иловаҳои қаблан аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда, дар умум наздики 33 масъала баррасӣ мешаванд.

Аз ҷумла, масъалаи ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ хоҳад шуд, ки ҷорӣ кардани ҷаримаро барои ниқоб надоштан ва паҳнкунии маълумоти бардурӯғу носаҳеҳ дар бораи пандемия тариқи ВАО дар назар дорад.

Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи қонун барои вайрон кардани меъёри ба ВАО дахлдошта аз 580 сомонӣ барои шахсони воқеӣ то 11 ҳазору 600 сомонӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Барои ниқоб надоштан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин риоя накардани масофаи иҷтимоии байни ҳамдигар то 2 метр ҷорӣ кардани ҷарима дар ҳаҷми аз 116 сомонӣ то 290 сомонӣ пешниҳод шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.