Муовини сарвазир рафти омодагии Душанберо ба ҷашни асосии ҷумҳурӣ санҷид

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои давлатии пойтахт машварати корӣ доир намуда, дар он ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар моҳи сентябри соли 2021 дар […]

Муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо иштироки раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва роҳбарони сохторҳои давлатии пойтахт машварати корӣ доир намуда, дар он ҷараёни омодагии шаҳр ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, то ҷашни 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии кишвар моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе баргузории 4 ҳазору 145 чорабиниҳо ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 1 ҳазору 826-тоаш гузаронида шудаанд.

Зимни машварати корӣ зикр шуд, ки на ҳама чорабиниҳои дар ин давра дар пойтахт пешбинишуда баргузор шудаанд, ки сабабаш сирояти коронавирус аст.

Дар ҳамин ҳол, муовини сарвазир зикр кард, ки нақшаи чорабиниҳои ҷашн “сарфи назар аз ҳама гуна ҳолат” бояд иҷро шаванд ва дар ин робита ба сохторҳои дахлдор дастур супоришҳои мушаххас дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.