Ба Фонди хайрияи Вазорати молия ҳудуди $2,5 млн ворид шуд

Ба суратҳисоби Фонди хайрия, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Тоҷикитсон кушода шуд, то 29 июл 16,7 млн сомонӣ, 482 ҳазор доллар ва 25 ҳазор руби русӣ ворид шуд. Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита қайд кард, ки ин миқдор маблағ дар умум ба 25 млн сомонӣ ё худ […]

Ба суратҳисоби Фонди хайрия, ки дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Тоҷикитсон кушода шуд, то 29 июл 16,7 млн сомонӣ, 482 ҳазор доллар ва 25 ҳазор руби русӣ ворид шуд.

Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита қайд кард, ки ин миқдор маблағ дар умум ба 25 млн сомонӣ ё худ ҳудуди 2,5 млн доллар баробар аст.

“Мо номи ҳар кадом ё ҳар ташкилоту корхонаҳоеро, ки ба фонди хайрия пул мегузаронанд, медонем, лекин номбар намекунем. Маблағи ҷамъшуда ба тадбирҳои вобаста ба пандемияи коронавирус равона мегардад”, – гуфт ӯ.

Ба гунаи мисол Қаҳҳорзода танҳо қайд кард, ки як соҳибкори тоҷики машғули кор дар Русия 100 ҳазор доллар ва як кишвар 300 ҳазор доллар ба ин суратҳисоб гузаронидаанд.

Вазир изҳор дошт, ки то ҳол воридшавии маблағҳо ба суратҳисоб идома дошта, давра ба давра дар бораи ҳаҷми он маълумот дода мешавад. Хароҷот ва азхдкунии маблағҳои воридшуда аз ҷониби Палатаи ҳисоб ва Агентии зиддифасод санҷида мешавад.

Ёдрас мекунем, ки суратҳисобҳои хайрия аввали моҳи апрел “бо мақсади пурзӯр кардани чораҳои зиддиэпидемиологӣ дар робита ба ҳамагирии коронавируси COVID-19 ва мутамарказонидани кумакҳои башардӯстона” кушода шуданд. Суратҳисобҳо бо арзи миллӣ – сомонӣ, доллари амрикоӣ ва рубли русӣ боз шуданд.

Бино ба маълумоти расмӣ, то шоми 28 июл дар Тоҷикистон 7 ҳазору 276 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шуда, 60 кас аз ин беморӣ фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.