Дар “Вомар Ленд”-и ноҳияи Дарвоз чиҳо сохта мешаванд?

Дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ айни замон сохтмони боғи фароғату истироҳат барои кӯдакон – “Вомар Ленд” ҷараён дорад. Нусхаи ҳайкали Озодӣ, ки дар он сохта шудааст, ба вокуниши гуногуни корбарони Facebook боис гардид. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боғи нав алҳол маълумот начандон зиёд буда, сарчашмаи нахусти он саҳифаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик […]

Ширин Раҳмонова, Asia-Plus

Дар қаламрави ноҳияи Дарвози ВМКБ айни замон сохтмони боғи фароғату истироҳат барои кӯдакон – “Вомар Ленд” ҷараён дорад. Нусхаи ҳайкали Озодӣ, ки дар он сохта шудааст, ба вокуниши гуногуни корбарони Facebook боис гардид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи боғи нав алҳол маълумот начандон зиёд буда, сарчашмаи нахусти он саҳифаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар Facebook мебошад.

Маҳз аз ҷониби кӣ ва бо кадом маблағҳо сохтани боғ ҳам маълум нест.

Тибқи маълумоти дарёфтӣ, дар “Вомар Ленд” нусхаи манораи Эйфел, Бурҷи Пизан, Биг-Бен аллакай қомат афрохта, рӯзҳои наздик нусхаҳои калисои ҷомеи Василий Блаженний, Девори Бузурги Чин ва Регистон (маҷмааи Самарқанд) сохта мешаванд.

Дар паҳлӯи ҳар кадоме аз иншоот ҷадвали иттилоотӣ гузошта хоҳад шуд, ки маълумоти аниматсионии муфассалро дар бораи он дар бар хоҳад дошт. Ғайр аз ин, дар қаламрави боғ аттраксионҳои гуногун барои кӯдакон бунёд гардида, барномаҳои фароғатӣ дастрас хоҳанд буд.

Маросими ба истифода додани боғ моҳи августи ҳамин сол дар назар аст. Дар ҳамин ҳол, дар шабакаи YouTube навори видеое нашр шудааст, ки дар он доир ба ҷараёни сохтмон дар “Вомар Ленд” ва иншооти аллакай қоматафрохтаи он  маълумот дода мешавад.

https://www.youtube.com/watch?v=bRBjXt2Mxco

Дарёфти маълумоти бештар муфассал дар бораи боғ аз ҷониби раиси ноҳияи Дарвоз  Саидбурҳон Абдураҳмонзода муяссар нашуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.