“Бе қолину ҷалби толибилмон”. Президент ба ВМКБ меравад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи август аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид мекунад. Ҳоло санаи дақиқи оғози сафари кории сарвари давлат ва барномаи ҳузури ӯ дар ин вилоят маълум нест. Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар ба ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолӣ як қатор вохӯриҳо гузаронида, иншооти […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми моҳи август аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон боздид мекунад. Ҳоло санаи дақиқи оғози сафари кории сарвари давлат ва барномаи ҳузури ӯ дар ин вилоят маълум нест.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, зимни сафар ба ВМКБ Эмомалӣ Раҳмон бо аҳолӣ як қатор вохӯриҳо гузаронида, иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодиро мавриди истифода қарор медиҳад ва бо вазъи кору зиндагӣ дар ин минтақа аз наздик шинос мешавад.

Дар вохӯрии президент бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ВМКБ масъалаҳои риояи қонуният дар қаламрави вилоят, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи сарҳад бо Афғонистон баррасӣ мешаванд.

Дастгоҳи иҷроияи президент роҳбари дастгоҳи раиси ВМКБ-ро хабардор кардааст, ки сарвари давлат хоксорона, бе қолинпартойиву ҷалби толибилмон пешвоз гирифта шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.