Дастрасӣ ба кортҳои “Салом” дар толорҳои алоқаи ширкати “Мегафон Тоҷикистон”

Кортҳои “Салом”-ро акнун метавон на танҳо дар идораҳои “Алиф Бонк”, балки инчунин дар толорҳои алоқаи хусусии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дастрас намуд. Моли муштараки бонк ва оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки аз зиёда аз 650 шарикони лоиҳа харидҳоро ба насия анҷом диҳед. МегаФон Тоҷикистон ва “Алиф Бонк” […]

Кортҳои “Салом”-ро акнун метавон на танҳо дар идораҳои “Алиф Бонк”, балки инчунин дар толорҳои алоқаи хусусии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дастрас намуд. Моли муштараки бонк ва оператори имкониятҳои нави рақамӣ ба Шумо имкон медиҳад, ки аз зиёда аз 650 шарикони лоиҳа харидҳоро ба насия анҷом диҳед.

МегаФон Тоҷикистон ва “Алиф Бонк” дар моҳи апрели соли 2020 кортҳои кобрендингиро роҳандозӣ намуданд. Корти “Салом” имкон медиҳад, ки маблағи молҳою хизматрасониҳо ба насия бидуни пешпардохт дар муҳлати то 24 моҳ пардохт карда шаванд. Барои барасмиятдарории насия ҳуҷҷатҳо лозим намеоянд, кофист, ки кортро ба фурӯшанда нишон диҳед. Масалан, дар чаҳорчӯбаи иқдоми “Зӯр” муштариёни МегаФон имкон доранд, ки рақамҳои “қиматноки” телефон ва бастаҳои интернетро ба насия дастрас намоянд. Ба ғайр аз ин, барои дилхоҳ харид тавассути терминали “Алиф Бонк” истифодабарандаи корти “Салом” дар доираи барномаи садоқатмандии “Раҳмат”-и ширкати “МегаФон Тоҷикистон” 60 холро ба даст меорад. Ин холҳоро баъдан метавон ба мегабайтҳои трафики интернет, дақиқаҳо, SMS, ва хизматрасониҳои дигари алоқа иваз намуд.

Дар моҳи июл МегаФон Тоҷикистон иштироки худро дар лоиҳаи кобрендингӣ васеъ намуд. Агар қаблан дар толорҳо гузоштани дархост барои дастраскунии корт ва гирифтани он – танҳо дар идораҳои “Алиф Бонк” дастрас буд, пас акнун гирифтани корт дар идораҳои хизматрасонии оператор низ дастрас гардид.

“Баҳри боз ҳам қулай намудани шароитҳои мизоҷонамон мо имконияти дастраскунии кортро дар он ҷойе, ки муштарӣ дархости худро гузошта буд, таъмин кардем. Одатан ин кор дар наздикии хона ё дар роҳи кор – дар он ҷойҳое, ки рафтан ба онҳо махсусан зарур намеояд, ба амал бароварда мешавад. Мо ба шарикони худ аз “Алиф Бонк” барои якдигарфаҳмию кӯмак ва такмили шартҳои барнома изҳори сипос менамоем!” – мегӯяд директори тиҷоратии ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Ҷамшед БОБОАЛИЕВ.  

Хотиррасон мекунем, ки кортҳои кобрендингии “Салом” дар шабакаҳои савдо ва гипермаркетҳои маъруфтарин, тарабхонаҳо, агентиҳои туристӣ ва ширкатҳои дигари номдори Душанбе ва Хуҷанд қабул карда мешаванд. Гузоштани дархост барои дастраскунии корт дар Маркази тамос, толорҳои хусусии алоқаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ва дар сомонаи salom.megafon.tj. имконпазир аст. Дастраскунии нахустини корт барои истифодабарандагон ройгон аст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.