Футзал: “Соро компания” (Душанбе) – “Равшан” (Кӯлоб) – 12:0

Рӯзи 5-уми август бозиҳои даври чоруми марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаи “Соро компания”-и пойтахт дар бозии хонагӣ ба дарвозаи тими “Равшан”-и Кӯлоб 12 голи беҷавоб зад. Умед Кузиев покер, Муҳаммад Раҷабов хет-трик анҷом доданд. Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, пешсафи дигари лига – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бошад, бар тими “Самандар”-и […]

Рӯзи 5-уми август бозиҳои даври чоруми марҳилаи аввали лигаи касбии футзали Тоҷикистон баргузор шуданд. Дастаи “Соро компания”-и пойтахт дар бозии хонагӣ ба дарвозаи тими “Равшан”-и Кӯлоб 12 голи беҷавоб зад. Умед Кузиев покер, Муҳаммад Раҷабов хет-трик анҷом доданд.

Бино ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, пешсафи дигари лига – дастаи “Сипар”-и Хуҷанд бошад, бар тими “Самандар”-и шаҳри Турсунзода бо ҳисоби 13:5 ғалаба кард. Дар ҳайати тими Хуҷанд Собирҷон Гуляков ба номаш пента-трик сабт кард.

Дастаи дигари шаҳри Душанбе – “Муҳоҷир” бар тими “Истаравшан” бо ҳисоби 6:3 пирӯз шуд. “Муҳоҷир” се холро тавассути ду голи Самандар Ризомов ва якголии Бахтиёр Солеҳов, Парвиз Худододов ва Нусратшо Исмоилов ба даст овард.

Пас аз натиҷагирии чор даври бозиҳо дар ҷадвали мусобиқа мисли пешин дуҳокимиятӣ ҷараён дорад. “Соро компания”-и пойтахт ва “Сипар”-и Хуҷанд бо 12-холӣ баробар пеш мераванд. Дар даври навбатӣ ин ду тим бо ҳам вомехӯранд. Бозӣ 8-уми август дар Қасри варзиши шаҳри Хуҷанд доир мегардад. Дар ин рӯз, ҳамчунин “Истаравшан” бо “Самандар” ва “Равшан” бо “Муҳоҷир” бозӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...