Дидорбинӣ бо маҳбусон дар Тоҷикистон то ҳол манъ аст

Ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳама зиндонҳои Тоҷикистон дидорбинӣ бо маҳбусон манъ шуда, алҳол маълум нест, ки кай ба ин иҷоза мешавад. “Кай иҷоза шудани дидорбинӣ ҳоло маълум нест. Таври маълум дар ҷумҳурӣ то ҳол ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад. Мефаҳмем, ки ин барои хешовандону наздикони маҳбусон, ки ҳамдигарро чор моҳ надидаанд, […]

Ба хотири пешгирии паҳншавии коронавирус дар ҳама зиндонҳои Тоҷикистон дидорбинӣ бо маҳбусон манъ шуда, алҳол маълум нест, ки кай ба ин иҷоза мешавад.

“Кай иҷоза шудани дидорбинӣ ҳоло маълум нест. Таври маълум дар ҷумҳурӣ то ҳол ҳолатҳои нави сироятёбӣ ба қайд гирифта мешавад. Мефаҳмем, ки ин барои хешовандону наздикони маҳбусон, ки ҳамдигарро чор моҳ надидаанд, хеле душвор аст, лекин ҳаёти зиндониёнро зери хатар гузошта наметавонем. Алҳол мушаххасан маълум нест, ки дидорбинии маҳбусон бо хешовандону наздиконашон кай имконпазир мешавад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон.

Модари яке аз маҳбусон аз ВМКБ писари худро наздики 8 моҳ боз надида, иҷозаи вохӯриро интизор буд. Писараш дар муассисаи ислоҳии №7 дар шаҳри Душанбе адои ҷазо мекунад.

“Ҳарчанд бо писарам тариқи телефон гап занам ҳам, лекин назди худ бо чашмон дидану суҳбат кардан дигар аст. Хеле умедворам, ки сироятёбӣ аз беморӣ ба наздикӣ паси сар шуда, боз бо писарам вомехӯрем”, – иброз дошт зан.

Ёдрас мекунем, ки аз охири моҳи март то ин дам 11 маҳбус ва 3 корманди муассисаи ислоҳӣ аз бемории илтиҳоби шуш фавтиданд. Синни фавтидагон аз 50 то 70-соларо ташкил медод.

Қобили зикр аст, ки бо мақсади пешгирӣ аз сироят бар асоси дастурҳои президент Вазорати адлия нақшаи тадбирҳои махсусро таҳия намуд, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ аз 31 март мавриди амал қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.