Оғози фаъолияти кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон аз 17 август

Аз 17 август ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд. Истино танҳо кӯдакистонҳое хоҳанд буд, ки тибқи нақша дар онҳо корҳои таъмир ҷараён дорад. Ҳазорон падару модарон бесаброна ифтитоҳи муассисаҳои томактабиро интизоранд, то ки фарзандонашонро ба дасти мураббиёни ғамхору дилсӯз супурда, ба кор бароянд. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бари муассисаҳои […]

Аз 17 август ҳамаи муассисаҳои таълимӣ, инчунин муассисаҳои томактабии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз мекунанд. Истино танҳо кӯдакистонҳое хоҳанд буд, ки тибқи нақша дар онҳо корҳои таъмир ҷараён дорад.

Ҳазорон падару модарон бесаброна ифтитоҳи муассисаҳои томактабиро интизоранд, то ки фарзандонашонро ба дасти мураббиёни ғамхору дилсӯз супурда, ба кор бароянд.

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бари муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла кӯдакистонҳо низ номгӯи васеи тавсияҳоро оид ба риояи меъёрҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва масофагирии иҷтимоӣ омода кард.

Роҳбарони кӯдакистонҳо бояд даромадгоҳи муассисаро бо таҷҳизот ва антсиептикҳо барои безарар гардонидани дастон таъмин намуда, ҳамарӯза ҳарорати кормандон ва кӯдаконро зимни ворид шудан санҷанд.

Якез аз тавсияҳои муҳими Вазорати маориф ба мураббиёни муассисаҳои томактабӣ дахл дорад: онҳо бояд аз коронавирус тест супорида, танҳо пас аз маълум шудани натиҷаи манфии он ба кор бароянд.

Ҳамчунин ба муассисаҳои томактабӣ боз чунин тавсияҳо дода шудааст:

– Қабули кӯдакон аз даромадгоҳи ҳавлии муассиса ба роҳ монда шавад;

– Ба дохили бинои муассиса даромадани падару модар ва шахсони бегона қатъиян манъ карда шавад;

– Кормандон баробари ба кор оғоз намудани муассисаҳои томактабӣ ҳатман аз ташхиси тиббӣ гузаронида шаванд;

– Гурӯҳҳо ва айвончаҳо, ошхонаҳо ва ҳоҷатхонаҳо безарар ва тоза нигоҳ дошта шавад;

– Машғулиятҳо бо назардошти риояи қоидаҳои санитарӣ- эпидиомологӣ дар саҳни ҳавлӣ ва айвончаҳои тобистона гузаронида шавад;

– Падару модароне, ки имконияти дар хона тарбия ва нигоҳ доштани кӯдакро доранд, метавонанд кӯдаконашро ба кӯдакистон то ба эътидол омадани вазъият наоранд. Дар чунин ҳолат ҷойи кӯдак дар кӯдакистон нигоҳ дошта мешавад. Илова ба ин, дар ин муддат маблағ барои нигоҳубини кӯдак пардохт карда намешавад.

Аз Хадамоти назорати давлатии соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки аз тест гузаштан бепул аст.

“Аз тест гузаштани кормандони муассисаҳои томактабӣ ва дигар шаҳрвандон дар озмоишгоҳҳо бепул аст. Лекин аз Вазорати маориф ва илм дар хусуси ин масъала ҳоло мактуби расмӣ нагирфтаем. Аз ин рӯ, чӣ гуна ҷараён гирифтани онро алҳол мушаххас гуфта наметавонем”, – хабар доданд дар Хадамот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.