Эҳтимоли пайдо шудани ноҳияи нав дар Душанбе. Пешниҳоди Чағониён номгузорӣ шудани он

Бо васеъ шудани ҳудуди шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дигар хурдтарин шаҳр байни пойтахтҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Акнун Душанбе аз лиҳози қаламрав 12-ум пойтахти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, аз шаҳрҳое амсоли Кишинёв, Бишкек ва Таллин пеш гузашт. Ояндаи наздик дар идоракунии маъмурӣ-ҳудудии шаҳри Душанбе метавонад тағйирот сурат гирифта, дар харитаи он ноҳияи нав […]

Бо васеъ шудани ҳудуди шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон дигар хурдтарин шаҳр байни пойтахтҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ нест. Акнун Душанбе аз лиҳози қаламрав 12-ум пойтахти кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буда, аз шаҳрҳое амсоли Кишинёв, Бишкек ва Таллин пеш гузашт.

Ояндаи наздик дар идоракунии маъмурӣ-ҳудудии шаҳри Душанбе метавонад тағйирот сурат гирифта, дар харитаи он ноҳияи нав арзи вуҷуд кунад.

Мудири шуъбаи иқтисоди нашрияи “Садои мардум” Сайфиддин Суннатӣ пешниҳод намудааст, ки ба ақидааш пас аз тақсими ноҳияи бузургтарини шаҳр –  Сино, ноҳияи нав пайдо шуда, он Чағониён номгузорӣ шавад.

Ӯ далелҳои худро бо он асоснок мекунад, ки дар давраи ҳукмронии  сулолаи Сомониён Душанбе тобеи ҳокимони Чағониён буд. Ба гуфти олимони муътабар Саид Нафисӣ ва академик Абдулғанӣ Мирзоев, «Чағониён дар он вақт водии имрӯзаи Сурхондарё ва Ҳисоротро ифода менамуд».  Ба гуфти доктори илмҳои филология Амирбек Ҳабибзода, ҳудуди Чағониён аз вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарёи Ӯзбекистони ҳозира шурӯъ гардида, водии Ҳисорро то ноҳияи Оби Гарми Тоҷикистон дар бар мегирифт.

Ҳокимони Чағониён шоирону нависандагони форсзабонро дастгирӣ мекарданд. Байни онҳо метавон аз Муҳтоҷи Чағонӣ, Мунҷиқи Тирмизӣ, Дақиқӣ, Маъруфӣ, Лабибӣ ва дигарон ном бурд. Дар ин бора маълумотҳо дар китоби Мирзоев “Муосирони Рӯдакӣ” гувоҳи медиҳанд, ки соли 1958 нашр шуда буд.

“Ҳамин тариқ, Чағониён дар асрҳои X-XI яке аз марказҳои инкишофи адабиёт ва забони адабии тоҷик ба шумор мерафт, – навиштааст муаллифи мавод. – Аз ин рӯ, ба ноҳияи панҷуми шаҳри Душанбе гузоштани номи Чағониён арҷгузории навбатӣ ба таърихи ғании миллат хоҳад буд”.

Дар шаҳрдории Душанбе мегӯянд, масъалаи ташкили воҳиди нави маъмурӣ баррасӣ нашуда, айни замон қабулу интиқоли қаламравҳо аз идоракунии ноҳияи наздишаҳрии Рӯдакӣ ба тавозуни пойтахт ҷараён дорад.

Нимаи аввали соли равон Маҷлиси пойтахт қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро дар бораи муқаррар намудани ҳудудҳои нави шаҳр тасдиқ кард.

Мувофиқи ин қарор, ҳудуди шаҳри Душанбе ба андозаи 7,66 гектар васеъ шуда, ба 20,32 ҳазор гектар расонида шуд.

Мувофиқи Нақшаи генералии шаҳр, ин ҳудуд соли 2040 то 25 ҳазор гектар ва пас аз соли 2040 – то ба 30 ҳазор гектар васеъ мешавад.

Васеъшавии ҳудуд (қаламрав)-и шаҳр бо назардошти афзоиши шумори аҳолии пойтахт ба ҳисоб гирифта шудааст.

Бино ба пешгӯйиҳо дар ин маврид, то он замон шумори аҳолии пойтахти Тоҷикистон то 1,5 млн нафар зиёд шуда метавонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.