Ширкати туркӣ дар Варзоб ду майдони бозии футбол месозад

Ширкати маъруфи туркии «Hatko Sport» дар тендер оид ба сохтмони ду майдони бозии футбол дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ноҳияи Варзоб ғолиб шуд. Дар робита ба пандемияи COVID-19 сохтмони ду майдони бозии футбол бо меъёрҳои ФИФА – 1-тоаш табиӣ ва 1-тои дигараш сунъӣ бо андозаи 104 ба 68 метр дар маркази техникии […]

Ширкати маъруфи туркии «Hatko Sport» дар тендер оид ба сохтмони ду майдони бозии футбол дар маркази техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) дар ноҳияи Варзоб ғолиб шуд.

Дар робита ба пандемияи COVID-19 сохтмони ду майдони бозии футбол бо меъёрҳои ФИФА – 1-тоаш табиӣ ва 1-тои дигараш сунъӣ бо андозаи 104 ба 68 метр дар маркази техникии Федератсия дар Варзоб ба муҳлати номуайян мавқуф гузошта шуда буд.

Ширкати «Hatko Sport»-и Туркия, ки дар тендер ғолиб омад, ба наздикӣ корҳои сохтмони ду майдони бозии футболро оғоз мекунад.

Қобили зикр аст, ки маркази техникии ФФТ дар як гӯшаи хушманзараи Варзоб сохта шуда, ба сифати пойгоҳи машқу омодагӣ барои футболбозони дастаҳои мунтахаби ҳамаи синнусол пешбинӣ мешавад.

Маркази техникии Федератсия аз меҳмонхона, маркази тиббии тавонбахшӣ, майдонҳои машқ, толори пӯшида ва дигар иншооти зарурӣ иборат хоҳад буд.

Лоиҳаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ФИФА ва ФФТ амалӣ мешавад, вале миқдори маблағ зикр нашудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.