Пешвои коммунистон номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Рӯзи 5 сентябр дар Душанбе Анҷумани  XXXV ғайринавбатии Ҳизби коммунистии  Тоҷикистон (ҲКТ)   баргузор гардида, вакилон якдилона номзадии раиси ҳизб Мироҷ Абуллоевро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ карданд. Дар анҷумани коммунистон ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб зери шиори “Ҳаёти шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар” низ тасдиқ шуд. Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи […]

Рӯзи 5 сентябр дар Душанбе Анҷумани  XXXV ғайринавбатии Ҳизби коммунистии  Тоҷикистон (ҲКТ)   баргузор гардида, вакилон якдилона номзадии раиси ҳизб Мироҷ Абуллоевро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ карданд.

Дар анҷумани коммунистон ҳамчунин барномаи пешазинтихоботии номзади ҳизб зери шиори “Ҳаёти шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар” низ тасдиқ шуд.

Ёдрас мекунем, ки дар маъракаи интихоботии аввали баҳори соли 2015 бори нахуст дар таърих Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз рӯйхати ҳизбӣ ба парлумон роҳ наёфта, ин нокомӣ боиси ивази пешвои он гардид.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба соҳибистиқлолӣ расидани Тоҷикистон аз сентябри соли 1991 то июли соли 2016 сиёсатмадори маъруфи тоҷик Шодӣ Шабдолов билоиваз Ҳизби коммунистро роҳбарӣ кард.

Моҳи июли соли 2016 Исмоил Талбаков раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон интихоб шуда, моҳи декабри ҳамон сол аз олам даргузашт.

Мироҷ Абдуллоев 22-юми апрели соли 2017 раиси ҲКТ интихоб шуд. Ӯ пешвои сеюми Ҳизби коммунисти Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Ба ин тариқ, аз 7 ҳизби сиёсии Тоҷикистон то ин дам 6-тоаш – Ҳизби халқии демократӣ (раиси ҳизб, президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон), Ҳизби аграрӣ (пешвои ҳизб Рустам Латифзода), Ҳизби сотсиалистӣ (раиси ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров), Ҳизби демократ (раиси ҳизб Саидҷаъфар Усмонзода), ҲИИТ (раиси ҳизб Рустам Раҳматзода) ва Ҳизби коммунист (раиси ҳизб Мироҷ Абдуллоев) номзадҳояшонро ба мансаби президентӣ дар интихоботи моҳи октябр пешбарӣ намуданд.

Инчунин Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон низ номзадии сарвари давлати амалкунанда Эмомалӣ Раҳмонро номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ намуданд.

Ғайр аз ин, адвокат Фаромӯз Иргашов низ ният дорад, ки номзадии худро ба мансаби президентӣ пешбарӣ кунад.

Дар ҳамин ҳол, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки номзадиашро ба мансаби президент пешбарӣ намекунад. Дар ҷаласаи Шӯрои сиёсии ҲСДТ ба интихоботи президентии моҳи октябр таҳрим ё худ бойкот эълон шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.